Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49

  • Home
  • Tajikistan
  • Kulob
  • Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 ХУШ ОМАДЕД ОБУНАЧИЁНИ МУҲТАРАМ!

Суратгузориш  аз рафти аксияи тозагӣ дар гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49Бо мақсади баланд бардоштани ...
28/02/2026

Суратгузориш аз рафти аксияи тозагӣ дар гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ноҳияи Восеъ аксияи тозагӣ баргузор гардид, бо иштироки бе воситаи хонагони муассиса.

28/02/2026
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани фасли б...
28/02/2026

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани фасли баҳор, маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
​Дар ин иқдоми наҷиб ҳайати омӯзгорон, хонандагони фаъол ва кормандони хоҷагии муассиса бо рӯҳияи баланд иштирок намуданд. Зимни ҳашар дар саҳни мактаб ва заминҳои наздиҳавлигии он даҳҳо бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, гелос, себ ва нок шинонида шуданд. ​🌳

🔥 Сада омад, ки тобистони нав орад! 🔥Санаи 4.02.2026 дар МТМУ №49 бахшида ба яке аз ҷашнҳои қадимтарини ниёгонамон — Иди...
05/02/2026

🔥 Сада омад, ки тобистони нав орад! 🔥
Санаи 4.02.2026 дар МТМУ №49 бахшида ба яке аз ҷашнҳои қадимтарини ниёгонамон — Иди Сада, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
​Сада танҳо як ҷашн нест, балки рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва омодагӣ ба баҳори оламоро мебошад. Хонандагони мо бо як ҷаҳон шавқу ҳавас анъанаҳои миллиро зинда нигоҳ дошта, ин рӯзи таърихиро бо шукӯҳи хос таҷлил карданд.
Мо ифтихор дорем, ки насли наврас ба таъриху тамаддуни ниёгони худ эҳтиром мегузоранд ва ин мероси гаронбаҳоро ҳифз мекунанд.
​Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамдиёрони азиз! Бигзор оташи Сада дар хонадони ҳар яки шумо гармиву баракатро биёрад! ☀️🔥
​ #МТМУ49 #ҶашниСада #ФарҳангиМиллӣ #Тоҷикистон #Наврасон #Сада2026

Рафти шанбегӣ дар МТМУ №49 🌿Дар муассиса шанбегии навбатӣ бо иштироки кормандони хоҷагӣ баргузор гардид. Ҳадаф — тозагӣ,...
10/01/2026

Рафти шанбегӣ дар МТМУ №49 🌿
Дар муассиса шанбегии навбатӣ бо иштироки кормандони хоҷагӣ баргузор гардид. Ҳадаф — тозагӣ, ободонӣ ва тарбияи ҳисси масъулият нисбат ба муҳити зист. Муҳити мактаб тозаю зебо гардонида шуд.

ПРОТОКОЛ №2Маҷлиси умумии хонандагони синфҳои 9 ва 11Муассиса: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49Мавзӯи маҷлис: Пешги...
15/12/2025

ПРОТОКОЛ №2
Маҷлиси умумии хонандагони синфҳои 9 ва 11
Муассиса: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49
Мавзӯи маҷлис: Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни хонандагон
Сана: «13» декабри 2025 сол
Ҷойи баргузорӣ: толори муассиса
Оғози маҷлис: соати 9:00
Анҷоми маҷлис: соати 10:25
Раис: Атақулов М.И
Котиб: Қурбоналиев Р
Иштирок карданд:
Хонандагони синфҳои 9 ва 11, омӯзгорон ва маъмурияти муассиса.
Шумораи иштирокчиён: 54 нафар

Рӯзномаи маҷлис:
Оид ба мафҳум ва хатари терроризм ва экстремизм
Оид ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ
Масъулияти ҳуқуқии шаҳрвандон барои иштирок дар фаъолияти экстремистӣ

Аз рӯи масъалаи якум шунида шуд:
Атақулов Меҳробҷон, роҳбари муассисаи таълимӣ, ки дар баромади худ мафҳуми терроризм ва экстремизмро шарҳ дода, зикр намуд, ки ин падидаҳо ба амният ва суботи ҷомеа таҳдид мекунанд ва ҷавонон бояд аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ дурӣ ҷӯянд.
Қарор:
Маълумот ба инобат гирифта шавад.

Аз рӯи масъалаи дуюм шунида шуд:
Бахтиёрҷони Маҳмурод сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Миралиобод, ки қайд кард гурӯҳҳои ифротӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро фиреб медиҳанд ва зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ таъкид гардид.
Қарор:
Ба хонандагон тавсия дода шавад, ки ҳангоми дучор шудан ба маводи шубҳанок ба омӯзгорон ё волидон муроҷиат намоянд.

Аз рӯи масъалаи сеюм шунида шуд:
Қурбоналиев Раҷабалӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, ки оид ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои дастгирӣ ва иштирок дар терроризм ва экстремизм тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Қарор:
Хонандагон уҳдадор карда шаванд, ки қонунгузориро қатъиян риоя намоянд.
Пешгирии терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявӣ ҳисобида шавад.

Раиси маҷлис: Атақулов М. И
Котиби маҷлис: Қурбоналие Р.
Мехроб Саидов
Бахтиёр Саидов

📌 Маҷлиси умумии падарону модаронДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ноҳияи Восеъ маҷлиси умумии падарону модарон ...
14/12/2025

📌 Маҷлиси умумии падарону модарон

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ноҳияи Восеъ маҷлиси умумии падарону модарон баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, интизоми хонандагон, ҳамкории муассиса бо падару модарон, таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иштироки фаъолонаи оила дар тарбияи фарзандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Роҳбарияти муассиса падару модаронро ба ҳамкории зич бо омӯзгорон ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон даъват намуд.

🤝 Ҳамкории мактаб ва оила — заминаи асосии тарбияи насли солим ва босавод мебошад.
📚🏫
Мехроб Саидов
#актуальный

Address

Вилояти Хатлон ноҳияи Восеъ
Kulob

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category