МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд"

  • Home
  • Tajikistan
  • Khujand
  • МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд"

МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд", Middle School, Khujand.

ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИТСЕЙ Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Т...
08/09/2026

ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИТСЕЙ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикии директори литсей Зикриддин Соҳибназарзода оғоз ёфт. Номбурда тамоми омӯзгорону хонандагони муассисаро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бузурги таърихӣ, рамзи соҳибдавлатӣ ва омили асосии рушди устувори кишвар ба шумор меравад. Зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорон барои фаъолияти намунавӣ, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагон барои хониши аъло, иштироки фаъол дар озмуну олимпиадаҳо ва дастовардҳои назаррас бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Хонандагони литсей бо қироати шеърҳо, суруду таронаҳои ватандӯстона ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ҳозиринро ба фазои идона фаро гирифтанд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар муҳаббату садоқати аҳли литсейро ба Ватани соҳибистиқлол ва арзишҳои миллии он ифода намуд.

"ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ВАҲДАТУ СОЗАНДАГӢ". Иштироки фаъолонаи ҷомеаи литсей дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқл...
05/09/2026

"ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ВАҲДАТУ СОЗАНДАГӢ". Иштироки фаъолонаи ҷомеаи литсей дар роҳпаймоии идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватани азиз иштирок намуданд.

Ҷомеаи меҳнатӣ ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» низ дар ин роҳпаймоии идона иштироки фаъолона дошта, бо ҳисси баланди ифтихор аз давлати соҳибистиқлол аз хиёбонҳои шаҳр гузаштанд.

Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони литсей бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои ватандӯстона ва табрикотӣ фазои идонаи роҳпаймоиро боз ҳам рангин намуда, садоқату муҳаббати худро ба Ватан ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ифода карданд.

Иштироки фаъолонаи аҳли литсей дар ин чорабинии муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ нишонаи эҳтиром ба Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, созандагӣ ва пешрафти кишвар буда, ҷомеаи Литсей барои хонандагони болаёқат бо ҳисси баланди масъулият дар роҳи таълиму тарбияи насли ояндасоз ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош менамояд.

ОМӮЗГОРИ ЛИТСЕЙ - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "ВАССОФИ ИСТИҚЛОЛ" Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо та...
03/09/2026

ОМӮЗГОРИ ЛИТСЕЙ - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ "ВАССОФИ ИСТИҚЛОЛ"

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Телевизиони "Баҳористон" ва рӯзномаи "Ворисони Суғд" озмуни вилоятии "Вассофи Истиқлол" баргузор гардид.

Озмун се моҳ тариқи онлайн идома ёфта, дар он беш аз 200 нафар ҷавонони 14–35-сола аз рӯи панҷ номинатсия маҳорати худро нишон доданд. Дар маросими ҷамъбастӣ 15 нафар ғолиб бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, наздик ба 30 нафар иштирокчии фаъол бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки омӯзгори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" Каримова Ануша дар номинатсияи "Беҳтарин эҷоди шеър" сазовори дуюм аввал гардид.

Аҳли ҷомеаи литсей Каримова Анушаро ба ин дастоварди арзишманд самимона табрик намуда, барояш комёбиҳои нав ва қуллаҳои баланди эҷодиро орзу менамояд!

ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ФАЗОИ ИЛМУ МАЪРИФАТ1 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хон...
02/09/2026

ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ФАЗОИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

1 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар фазои тантанавӣ таҷлил гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, директори муассиса Зикриддин Соҳибназарзода аҳли омӯзгорону хонандагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил самимона табрик намуда, таъкид кард, ки дониш ва маърифат аз ҷумлаи арзишҳои волои миллӣ буда, ҳамчун омили муҳими пешрафту рушди ҷомеа нақши калидӣ доранд.

Мавсуф зимни суханронии худ оид ба аҳамияти илму дониш дар тарбияи насли наврас сухан гуфта, ҷавононро ба донишандӯзӣ, ҷустуҷӯйи пайваста, эҳтироми омӯзгор ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи "Дарси сулҳ" ёдоварӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат соҳаи маориф ва таълиму тарбияро меҳвари рушди давлату миллат арзёбӣ намуда, омӯзиши амиқи илмҳои замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро барои насли ҷавон аз вазифаҳои муҳим медонанд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ хонандагони литсей бо қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона баромад намуда, ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" бори дигар аз омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгорону хонандагон ба соли нави таҳсил шаҳодат дода, таҷассумгари эҳтироми баланди аҳли муассиса нисбат ба илму маърифат ва донишандӯзӣ гардид.

ҚАДРДОНИИ АРЗАНДА ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ31 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис...
01/09/2026

ҚАДРДОНИИ АРЗАНДА ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

31 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ифтихори ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Боиси ифтихору сарфарозии аҳли ҷомеаи омӯзгории МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" мебошад, ки директори муассиса Зикриддин Соҳибназарзода барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф бо "Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2026" сарфароз гардонида шуд.

Аҳли ҷомеаи МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" директори муассиса Зикриддин Соҳибназарзодаро ба муносибати сазовор гардидан ба ин ҷоизаи бонуфузи давлатӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву роҳбарӣ, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва рушди бештари соҳаи маориф комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.

Ин қадрдонӣ самараи фаъолияти содиқона, меҳнати пурмаҳсул ва саҳми арзандаи роҳбарияти муассиса дар рушди таълиму тарбия ва омода намудани насли ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир буда, барои аҳли ҷомеаи литсей мояи ифтихору рӯҳбаландии бештар мебошад.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ...
31/08/2026

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАХШИДА БА "РӮЗИ ДОНИШ" ВА "ДАРСИ СУЛҲ" ДАР МДТ "ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД"

31 августи соли 2026

КОНФЕРЕНСИЯ: "ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ" 28 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей б...
29/08/2026

КОНФЕРЕНСИЯ: "ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ"

28 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" бо иштироки омӯзгорони муассиса конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия иштирокчиён вобаста ба аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар ташаккули давлатдории навини миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик дастоварди бузургтарини таърихӣ буда, дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои солҳои аввали истиқлол роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоиро интихоб намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.

Инчунин, омӯзгорони собиқадор оид ба ҷойгоҳ ва аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дигаргунсозиҳои бунёдие, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба амал омадаанд, баромад намуданд.

Зимни суханрониҳо махсусан нақши таърихӣ ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу суботи ҷомеа ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ таъкид гардид.

Қайд карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз марҳилаҳои бисёр душвори таърихӣ бо сарбаландӣ гузашта, имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар роҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад. Махсусан дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, барои таълиму тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, нақши муассисаҳои таълимӣ ва аҳли маориф дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми конференсия баромадкунандагон даъват ба амал оварданд, ки ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳар фарди ҷомеа, бахусус омӯзгорону ҷавонон, бояд барои пойдории сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузоранд.

МАҚОМИ АВВАЛИ ЛИТСЕЙ - ТӮҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Дар доираи машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, к...
24/08/2026

МАҚОМИ АВВАЛИ ЛИТСЕЙ - ТӮҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар доираи машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, ки дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии вилоят дар самти таълиму тарбия, омодасозии хонандагон ба олимпиадаву озмунҳо ва дастовардҳои омӯзгорону хонандагон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар машварати мазкур фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар давраи гузашта ҷамъбаст гардида, барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар дар соли нави таҳсил вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии хонандагон, омода намудани насли донишманду соҳибистеъдод ва иштироки фаъол дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ин машварати муҳим Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" бо натиҷаҳои назарраси худ дар самти олимпиадаҳои фаннӣ мавқеи пешсафиро соҳиб гардид.

Аз ҷумла, хонандагони литсей дар олимпиадаҳои фаннӣ ба 36 ҷойи фахрӣ сазовор гардида, дар байни муассисаҳои таълимии вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Барои чунин натиҷаи назаррас литсей бо мукофотпулии 7 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Ба даст овардани чунин натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, аз фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ, дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, инчунин фаъолияти самараноки роҳбарияти литсей, заҳмати содиқонаи омӯзгорон ва талошҳои пайвастаи хонандагон сарчашма мегирад.

Роҳбарияти муассиса ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, дастгирии омӯзгорони фаъолу соҳибтаҷриба, муайян ва рушди хонандагони болаёқат, ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва омодасозии ҳамаҷонибаи хонандагон ба олимпиадаву озмунҳо пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон, ба баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири таълим ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ин дастоварди назаррас далели он аст, ки дар литсей ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ошкор ва рушди истеъдоди хонандагон, омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба олимпиадаҳо ва озмунҳои фаннӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Омӯзгорони муассиса пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз усулҳои муосири таълим, машғулиятҳои иловагӣ, кор бо хонандагони болаёқат ва омодасозии мақсаднок барои олимпиадаҳо қобилияту дониши хонандагонро боз ҳам рушд диҳанд.

Дар баробари дастовардҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ, соли таҳсили гузашта хонандагони литсей дар дигар озмуну чорабиниҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва эҷодӣ низ иштироки фаъол дошта, бо натиҷаҳои назаррас баромад намуданд. Аз ҷумла, хонандагони муассиса дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар мусобиқаҳои зеҳниву эҷодӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дастоварди 36 ҷойи фахрӣ ва гирифтани ҷойи аввал дар миқёси вилояти Суғд барои коллективи литсей натиҷаи арзандаи фаъолияти як соли таълимӣ ба ҳисоб рафта, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин натиҷа ҳамзамон масъулияти роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагонро барои нигоҳ доштани мавқеи пешсаф ва ба даст овардани дастовардҳои нав бештар менамояд.

Бо мақсади идомаи ин муваффақиятҳо дар литсей минбаъд низ ба баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, рушди қобилияти хонандагони болаёқат ва омодагии онҳо ба олимпиадаву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода хоҳад шуд.

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Т...
08/08/2026

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» шанбегии умумимуассисавӣ баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ омӯзгорону кормандони муассиса ба корҳои ободонӣ ва тозакунӣ машғул шуда, барои боз ҳам зебо ва тоза нигоҳ доштани муҳити таълимӣ саҳми худро гузоштанд.

Иқдоми мазкур дар заминаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, омӯзгорону кормандони литсей фаъолона иштирок намуданд.

ДАСТОВАРДИ ШОИСТА: ЛИТСЕЙ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР ЭЪТИРОФ ГАРДИДДар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими тантан...
01/07/2026

ДАСТОВАРДИ ШОИСТА: ЛИТСЕЙ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР ЭЪТИРОФ ГАРДИД

Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии қадршиносии хонандагоне баргузор гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ маблағҳои пулии Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд. Ҳамзамон, омӯзгорони фаъол ва муассисаҳои таълимии намунавӣ низ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Боиси ифтихор аст, якчанд омӯзгорони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд», ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуданд.

Ифтихори бузурги дигар он аст, ки МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ», саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, дастгирии хонандагони болаёқат, таъмини иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва нишон додани натиҷаҳои баланди олимпӣ бо Дипломи дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Бо ин дастовард, литсей аз рӯйи натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ миёни тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар раддабандӣ мақоми аввалро ишғол намуд, ки далели равшани сатҳи баланди таълиму тарбия, маҳорати омӯзгорон ва иқтидори баланди хонандагони муассиса мебошад.

Address

Khujand

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category