08/05/2026
Санаи 07.05.2026 дар Маркази таҳсилоти иловагӣ чорабинӣ бо иштироки аъзоёни маҳфилҳо бахшида ба 81 солагии иди Ғалаба таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад» ташкил ва гузаронида шуд. Баранда чорабиниро оғоз намуда, оиди 22 июни соли 1941- Германия ногаҳон бе эълони пешакии ҷанг бо муттаҳидонаш Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия ва Словакия ба Иттифоқи Шӯравӣ, ки 15 давлату халқиятҳои гуногунро дар бар мегирифт, ҳуҷум мекунад сухан ронд. Ба гирдоби ҷанг 72 давлат кашида шуд. Шуҷоату корнамоиҳои беназири Исмоил Ҳамзаалиев, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қаробоев, Сафар Амиршоев дар саҳифаи сабзи таърихи Ватан абадӣ сабт гаштааст ва ифтихори мост, қобили қайд аст. Инчунин ӯ қайд кард, ки 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. Баъдан 9- уми май чун рӯзи Иди Ғалаба эълон гардида, ҷашнгирии он ба ҳукми анъана даромад. Аз тарафи аъзоёни маҳфили «Омӯзиши забони русӣ» шеърҳо дар васфи Ғалаба, Ватан қироат карда шуд. Сурудҳо ва рақсҳои давраи ҷанг намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ меҳмонони олиқадр низ иштирок доштанд.