18/05/2026
Санаи 17 май дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи дави миллӣ ва веломарафон бо як шукуҳу шаҳомати хосае баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ омӯзгорон ва хонандагони зиёде (писарону духтарон) аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои аввал ва ҷоизаву ифтихорномаҳои хотиравӣ гардиданд. Хонандаи синфи 10 "Б"-и таълимгоҳ Аллаёров Абдувалӣ дар давидан ва хонандаи синфи 9 "Ғ" Холов Аҳмад дар веломарафон сазовори ҷойҳои якум гардиданд, ки ин натиҷа ифтихори муассиса мебошад. Маъмурияти таълимгоҳ ба омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ ва хусусан, омӯзгор Урозов Шералӣ, ки ҳарду хонандаи дар боло зикршуда шогирдони ӯ мебошанд, миннатдории худро баён менамояд. Дар оянда низ маъмурият ва кулли омӯзгорони муассиса кӯшиш менамоянд, ки дар пешрафт ва комёбии насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.