Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “Kudak.tj”

Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “Kudak.tj” Барномаи иттилоотии “Kudak.tj” дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе

ПАЁМИ ШОДБОШӢБарномаи иттилоотии «Kudak.tj» тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати 35-солагии Истиқ...
09/09/2026

ПАЁМИ ШОДБОШӢ

Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик арзиши воло, мояи ифтихору сарбаландӣ ва пояи устувори давлатдории миллӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус таъкид намудаанд, ки «Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад».

Дар ҳақиқат, Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандона, сиёсати созанда ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи пуршарафи таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот, тақвияти ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва рушди устуворро тай намуд.

Дар ин давра кишвар дар самтҳои иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, илм, маориф ва технологияҳои рақамӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Махсусан, соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд ёфта, барои навсозии инфрасохтори таълимӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва татбиқи низомҳои муосири рақамӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар ҳамин замина, барномаи иттилоотии «Kudak.tj» ҳамчун иқдоми муосир дар самти рақамикунонии зинаи таҳсилоти томактабӣ барои соддагардонии хизматрасонӣ, таъмини шаффофияти бақайдгирӣ, таҳкими ҳамкории муассисаҳои томактабӣ бо волидайн ва ташкили муҳити ягонаи рақамӣ саҳм мегузорад.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандона ва роҳбарии созандаи Пешвои миллат боз ҳам ободу пешрафта гардад, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор бимонанд ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!

35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

06/09/2026

ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ 5 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Ф...
05/09/2026

ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

5 сентябри соли ҷорӣ дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали кушодаи шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ — AI ALLEY («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор гардид.

Фестивал бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои IT, таҳиягарон, ҷавонон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрӣ иштирок намуданд. Дар фестивали мазкур Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» иштирок намуда, барномаи иттилоотии «Kudak.tj»-ро муаррифӣ кард.

Зимни муаррифӣ имкониятҳои асосии барномаи «Kudak.tj», аз ҷумла бақайдгирии электронии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пешниҳоди ариза тариқи онлайн, пайгирии навбати электронӣ, инчунин идоракунии рақамии равандҳои дохилии муассисаҳои томактабӣ шарҳ дода шуданд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал муаррифии имкониятҳои зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба доираи васеи сокинон, баланд бардоштани маърифати рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба технологияҳои навин ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои омӯзишу табодули таҷриба миёни мутахассисон, ҷавонон ва ҷомеа буд.

Иштироки Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар фестивал ба муаррифии таҷрибаи рақамикунонии зинаи таҳсилоти томактабӣ ва тавсеаи истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаи маориф мусоидат намуд.

03/09/2026

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ БАРНОМАИ ИТТИЛООТИИ «KUDAK.TJ» БАРОИ МУДИРОНИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ СИНО

Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “Kudak.tj”

БОЗДИДИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 29 августи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ...
03/09/2026

БОЗДИДИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

29 августи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо муҳити фурудгоҳ ва касбҳои марбут ба соҳаи авиатсия тарбиягирандагони шаҳри Душанбе аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Зимни боздид кӯдакон аз наздик бо муҳити фурудгоҳ, ҳавопаймоҳо ва раванди омодагӣ ба парвоз шинос шуда, доир ба фаъолияти кормандони соҳаи авиатсия маълумоти ҷолиб гирифтанд ва таассуроти хотирмон бардоштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин саёҳатҳои омӯзишӣ барои кӯдакон танҳо сайругашт набуда, балки як воситаи муҳими маърифатӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ намуда, шавқу рағбаташонро ба омӯзишу касбомӯзӣ афзун месозанд, ҳисси кунҷковиро бедор мекунанд ва барои дар зеҳни онҳо шакл гирифтани орзуву ҳадафҳои оянда замина мегузоранд.

Шояд имрӯз яке аз ин кӯдакон танҳо ба ҳавопаймо бо шавқ менигарад, аммо фардо орзуи халабон, муҳандис, корманди фурудгоҳ ё дигар мутахассиси соҳаи авиатсия шуданро дар дил мепарварад.

Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “Kudak.tj”

Маълум аст, ки нахустин давраи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия бо муассисаҳои томактабӣ алоқаманд аст. Яъне таълиму ...
31/08/2026

Маълум аст, ки нахустин давраи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия бо муассисаҳои томактабӣ алоқаманд аст. Яъне таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ зинаи муҳимтарин барои ояндаи онҳо ба шумор меравад.

Эмомалӣ РАҲМОН

_________
Аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

31/08/2026
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе28.08.2026 https://president.tj/event/news/5684228 август Пре...
29/08/2026

Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
28.08.2026
https://president.tj/event/news/56842

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба фаъолияти ҳафт иншооти дигари соҳаи маориф ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави соҳа барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллат заминаҳои муассир фароҳам овард.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нури Миллат, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шудааст, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Кӯдакистон дорои синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои хоб, толори маҷлис, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар он барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани насли ояндаи миллат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нури Истиқлол, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино низ бо шароити муосири таълиму тарбия омода гаштааст.
Муассиса дорои 12 синфхона, 12 ҳуҷраи хоб ва толори машқу тамрин буда, тибқи лоиҳа барои фарогирии 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар ин муассиса 12 парастори соҳибтахассус бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Муассиасаи таҳсилоти томактабии хусусии Насли Истиқлол дар кучаи Карамови пойтахт сохта шуда, барои ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифтани 50 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Муассисаи томактабӣ дорои толорҳо барои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, хоб ва ошхонаю дигар иншооти ёрирасон буда, раванди таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин кӯдакистон 3 парастори дорои касбияти баланд ва дар маҷмуъ 15 сокини маҳаллӣ бо кори муносиб таъмин шудаанд.
Муассисаи томактабии хусусии Умеди Ватан дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дохили бинои истиқоматӣ таъсис дода шудааст. Дар ин муассиса имкон аст, ки 100 нафар дӯстрӯякон ба зинаи аввали таҳсилот фаро гирифта шаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани кӯдакистон 16 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи томактабии хусусиии Кайҳон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Нигина Амирхонзода бунёд гардидааст.
Дар муассисаи томактабӣ имкони қабули 160 кӯдак вуҷуд дорад. Барои таълиму тарбияи кӯдакон 15 омӯзгору парастор ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ин кӯдакистон ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, бозиҳои инкишофдиҳанда, истироҳат ва фароғати кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Шабо дар кӯчаи Навбаҳор-2-и ноҳияи Сино сохта шуда, дар он барои ба зиннаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 140 кӯдак шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Беҳрӯз Искандаров сохта шудааст.
Ба фаъолият оғоз намудани иншоот ба таъсиси 20 ҷойи кории нав замина фароҳам овард.
Ин муассисаҳои зебову замонавӣ дар асоси дастури Пешвои миллат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистонҳо дар ҳар маҳаллаи дорои зиёда аз 100 хонавода сохта шуда, ба татбиқи босамари “Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” мусоидат мекунад.
Ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 830 кӯдак ва бо кор таъмин гаштани 150 нафар шароит фароҳам овард.
Литсейи хусусии ба номи Абдукарим Қодиров, ки дар ин рӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф ва илм мебошад.
Муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ёқут-2000 сохта шуда, барои 840 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар ин муассиса 60 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешаванд.
Бо ифтитоҳи шаш муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, теъдоди кӯдакистонҳо дар пойтахт ба 180 муассиса расида, фарогирии кӯдакон бо зинаи аввали таҳсилот аз 36 ҳазору 163 ба наздики 37 ҳазор нафар баробар шуд.

ФАЪОЛОН ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ БАРНОМАИ ИТТИЛООТИИ «KUDAK.TJ» ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД 21 августи соли ҷорӣ дар Мактаб...
26/08/2026

ФАЪОЛОН ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ БАРНОМАИ ИТТИЛООТИИ «KUDAK.TJ» ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

21 августи соли ҷорӣ дар Мактаби санъати ба номи Одина Ҳошим бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кормандони фаъоли соҳаи маориф Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳамоҳангии арзишҳои миллӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе» баргузор шуд.

Дар доираи баргузории Конференсияи мазкур 10 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои фаъолияти назаррас дар самти рақамикунонии зинаи таҳсилоти томактабӣ, татбиқ ва истифодаи самараноки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Қадрдонии мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ натиҷаи фаъолияти босамар дар ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ, беҳтар кардани коргузории электронӣ ва истифодаи имкониятҳои барномаи «Kudak.tj» дар самти бақайдгирии электронӣ, баррасии аризаҳои волидайн, идоракунии гурӯҳҳо ва назорати давомоти кӯдакон мебошад.

Address

Мирзо Турсунзода 8/1 А
Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “Kudak.tj” posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share