«Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»

«Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» "Модернизация социальной защиты и экономической интеграции"

09/09/2026
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ: АЗ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ТО МЕҲНАТИ ШОИСТАИстиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати с...
08/09/2026

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ: АЗ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ТО МЕҲНАТИ ШОИСТА

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати сиёсиву таърихӣ ва заминаи асосии давлатдории миллӣ мебошад. Барои миллати тоҷик Истиқлолият маънои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам гардидани имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлату ҷомеаро дорад.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафи давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат, бунёдкорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд. Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург мебошад.
Маҳз бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам омад. Соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар ин давра марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди худро паси сар кард.
Бояд дарҷ намуд, ки солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи мураккабу пурмасъулият буданд. Дар назди мақомоти давлатӣ вазифаи муҳим — нигоҳ доштани низоми иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани муносибатҳои меҳнатӣ ба шароити нави иқтисодӣ қарор дошт.
Бо таҳкими давлатдорӣ зарурати такмили сохтори идоракунии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба миён омад. Қадами муҳими давлатӣ дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2000, №457 гузошта шуд. Дар асоси ин санад Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барҳам дода шуда, дар заминаи онҳо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсиси сохтори ягона барои ҳамоҳанг намудани сиёсати давлатӣ дар самтҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.
Ин марҳиларо метавон оғози ташаккули низоми нисбатан мукаммали сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номид.
Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ масъалаи шуғли аҳолӣ аҳамияти бештар пайдо кард.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ зарурати ташкили бозори меҳнат, ба роҳ мондани бақайдгирии шаҳрвандони бекор, мусоидат ба пайдо кардани ҷойи кор, касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандон ба миён омад. Қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатии марбут ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ заминаи ҳуқуқии фаъолияти ин низомро таҳким бахшид.
Тадриҷан сиёсати шуғл аз шакли одии бақайдгирии бекорон ба сиёсати фаъол табдил ёфт. Яъне давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили ҷойҳои корӣ, касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мутобиқ намудани қувваи корӣ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд.
Имрӯз ин сиёсат идома дошта, вобаста ба он барои давраҳои миёнамуҳлат Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки яке аз санадҳои муҳими амалкунанда дар ин самт ба ҳисоб меравад, таҳия, тасдиқ ва татбиқ карда мешаванд.
Дар ин давра, яке аз падидаҳои муҳими даврони истиқлол афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ гардид. Бо дарназардошти ин воқеият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои кор ба хориҷи кишвар мераванд, ба миён гузошт.
Аз ҷумла, қабули Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар соли 2001 яке аз қадамҳои муҳими ташаккули сиёсати давлатӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои минбаъда мақомоти давлатӣ ва сохторҳои соҳавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, омодасозии онҳо ба сафар ва фаъолияти меҳнатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Марҳилаи муҳимми дигар дар соли 2014 ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146, сохтори соҳавӣ боз ҳам такмил дода шуда, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ба доираи фаъолияти вазорат масъалаҳои меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғл, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва дигар самтҳои вобаста ба сиёсати иҷтимоӣ дохил гардиданд.
Ин тағйирот нишон дод, ки сиёсати давлатӣ вобаста ба талаботи замон пайваста такмил меёбад.
Дар замони муосир, талаботи бозори меҳнат низ тағйир ёфта истодааст. Имрӯз танҳо доштани маълумот кофӣ нест. Мутахассис бояд дорои дониш, малака ва қобилияти мутобиқ шудан ба технология ва талаботи нави истеҳсолӣ бошад.
Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати соҳа омода намудани шаҳрвандони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад. Хусусан барои ҷавонон имкониятҳои касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба касбу ҳунар аҳамияти калон доранд. Ҷавоне, ки соҳиби касб аст, метавонад мустақилона ҷойи кор пайдо намуда, ба ояндаи худ ва рушди иқтисоди кишвар саҳм гузорад.
Дарҷ намудан ба маврид аст, ки дар маркази сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша инсон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ қарор доранд. Бинобар ин, дастгирии маъюбон, пиронсолон, шахсони эҳтиёҷманд, оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.
Дар ин раванд, кормандони соҳа на танҳо вазифаи хизматӣ, балки вазифаи баланди инсониву ахлоқиро иҷро менамоянд. Зеро шахсе, ки ба мақомоти иҷтимоӣ муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама ба дастгирӣ, муносибати нек ва ҳалли мушкилоти худ ниёз дорад.
Аз ин лиҳоз, инсонмеҳварӣ бояд асоси фаъолияти ҳар як корманди соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ бошад.
Дар даврони истиқлол масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон низ аҳамияти бештар пайдо карданд. Танзими муносибатҳои меҳнатӣ, риояи талаботи қонунгузории меҳнат, таъмини бехатарии меҳнат, пешгирии муносибатҳои шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа мебошанд.
Меҳнат бояд на танҳо воситаи ба даст овардани даромад, балки манбаи эҳтиром, шаъну шараф ва зиндагии шоистаи инсон бошад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар самти меҳнат бо фароҳам овардани шароити мусоиди кор, риояи ҳуқуқи кормандон ва рушди муносибатҳои одилонаи меҳнатӣ равона гардидааст.
Дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи иҷтимоии давлат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи манфиатҳои мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманд равона гардидааст.
Агар дар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ нигоҳ доштани низоми иҷтимоӣ ва ташаккули сохторҳои давлатӣ бошад, дар марҳилаи баъдӣ масъалаҳои рушди бозори меҳнат, шуғли пурмаҳсул, муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо карданд.
Имрӯз бошад, дар назди соҳа вазифаҳои нав — рушди малакаҳои касбӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи корӣ ва таъмини меҳнати шоиста қарор доранд.
Ҳамаи ин тағйирот далели он аст, ки сиёсати иҷтимоии давлат мутобиқи талаботи замон пайваста такмил меёбад.
Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ сару кор доранд. Дар иртибот ба ин, масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ ва муносибати хуб бо мардум бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як корманди соҳа бошад.
Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи мо, ин пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлол, идомаи корҳои созанда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва расонидани ғамхории бештар ба мардум мебошад.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона ва пойдор, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизи мо абадан ҳукмфармо бошад!
Дар фароварди сухан, ба ҳамагон саломатӣ, осмони софу беғубори ватан, хушбахтиву саодатмандӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Бигзор 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави масъулият, бунёдкорӣ ва пешрафти боз ҳам бештар гардад.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намояд.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон пойдор, ваҳдати миллӣ ҷовидон ва Ватани азизамон ҳамеша сарсабзу пешрафта бошад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку ҳумоюн бошад!

М.Ормонов
Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Корманди “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ ҲАЁТИ СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢИстиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург, бебаҳо ва т...
08/09/2026

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ ҲАЁТИ СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург, бебаҳо ва таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Ба даст овардани истиқлол барои ҳар як миллат оғози марҳилаи нави таърихӣ буда, барои муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконият фароҳам меорад. Дарҷ намудан ба маврид аст, ки барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ оғози давраи нави давлатсозӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ гардид.
Бо шарофати талошҳои хастанопазири фарзандони фарзонаи миллат ва ормонҳои деринаи мардуми тоҷик роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ боз гардид. Аммо фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии истиқлол ҳанӯз маънои пурра таъмин гардидани он ва устувор шудани пояҳои давлатдории миллӣ набуд. Пас аз қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар мураккаб гардида, ҷомеаро низоъҳои дохилӣ фаро гирифтанд.
Дар чунин вазъияти ҳассоси таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим гузошт. Иҷлосия ба ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Масъалаи асосии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини осоиштагии мардум буд. Қарорҳои қабулгардида барои барқарор намудани фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузоштанд.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ масъулияти роҳбарии давлат ба зиммаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Сиёсати дурбинона, хирадмандона ва созандаи роҳбарияти давлат барои раҳо намудани кишвар аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот нақши муҳим бозид. Маҳз дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз заминаҳои муҳими ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳким ёфтанд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо давраи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд. Дар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ, аз ҷумла ҳифзи давлат, барқарор намудани сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар буд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ гардид.
Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдӣ ва пурарзиштарин дастоварди давлати миллӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард. Он роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва самтҳои асосии пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварро муайян намуда, барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шароити зарурӣ муҳайё сохт.
Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои истиқлолият, ин ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар ин давра, заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ таҳким ёфта, низоми қонунгузорӣ мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир рушд намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти таърихӣ пайдо кард.
Дар баробари рушди иқтисодӣ, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Маҳз дар шароити истиқлол имкониятҳои нав барои рушди илму маориф, такмили низоми таҳсилот ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат ба вуҷуд омаданд.
Дар ин замина, барои наврасону ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам гардид, ки дониш, қобилият ва маҳорати худро инкишоф дода, дар рушди ҷомеа саҳм гузоранд. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар озмунҳои байналмилалӣ, соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар таҳкими обрӯи байналмилалии кишвар саҳм мегузоранд.
Ҳар гоҳ сухан дар бораи истиқлолияти давлатӣ меравад, бояд ба он нукта таваҷҷуҳ намуд, ки ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ ва истиқлол бунёди давлати миллӣ ва таъмини имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди он мебошад. Омили муҳими ҳастии миллат дар баробари забон, фарҳанг ва таърих, пеш аз ҳама, мавҷудияти давлати соҳибихтиёр ва андешаи устувори миллӣ мебошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, асосҳои ҳуқуқии давлатдории муосири тоҷиконро муайян намуд.
Истиқлолият инчунин мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон густариш дода, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мавқеи фаъол дорад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд. Мустақилияти давлатӣ барои кишвар имконият фароҳам овард, ки сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намуда, манфиатҳои миллиро ҳимоя ва дар равандҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намояд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ на танҳо дастоварди таърихии миллат, балки заминаи асосии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат мебошад. Он ба рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва таъмини зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Бинобар ин, дар замони муосир дар татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нақши махсус дорад. Доираи фаъолияти Вазорат имрӯз хеле васеъ мебошад. Ин танҳо муносибатҳои меҳнатӣ нест. Ин – бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзӣ, таҳсилоти калонсолон, рушди малакаҳо, ҳунармандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дастгирии шаҳрвандоне мебошад, ки бо сабабҳои гуногун дар бозори меҳнат осебпазиранд.
Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки Вазорат дар маркази пайванди се унсури муҳими рушди давлат – инсон, меҳнат ва иқтисод қарор дорад. Вазифаи мо танҳо ба кор таъмин намудани шаҳрванд нест, балки фароҳам овардани шароитест, ки шаҳрванд бояд касб дошта бошад, малакаи рақобатпазир дошта бошад, ҳуқуқи меҳнатиаш ҳифз гардад, даромади муносиб ба даст оварад, дар ҳолати аз даст додани кор ба бозори меҳнат баргашта тавонад ва дар сурати зарурат аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат истифода барад.
Дар замони иқтисоди муосир аз инсон на танҳо маълумот, балки малака талаб карда мешавад, бозори меҳнат босуръат тағйир меёбад, касбҳои нав пайдо шуда, технологияҳои нав ворид мешаванд ва талаботи корфармо низ пайваста дигар мешавад.
Аз ин рӯ, сиёсати касбомӯзӣ бояд аз модели «як бор омӯзу як умр кор кун» ба модели «омӯзиш дар тӯли ҳаёт» тағйир дода шавад. Бинобар ин, мо бояд пешакӣ муайян намоем, ки соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳо ба кадом мутахассисон ниёз доранд.
Вобаста аз ин, моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои боз ҳам рушду нумӯъ ва ободии ватани азизамон дучандон меҳнати шоиста намоем.
Ҷашни Истиқлолро муборак гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, сарбаландӣ ва осмони софу беғубори ватанамонро таманно мекунам.

Маҳмадов Олимҷон Саидҷонович
Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Корманди “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мақоми зан ва рушди сиёсати ҷавононИстиқлолияти давлатии Ҷумҳ...
07/09/2026

35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мақоми зан ва рушди сиёсати ҷавонон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи кишвар оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Дар ин давра, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеа ташаккул ёфта, барои иштироки фаъоли занон ва ҷавонон дар ҳаёти кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Ҳоло занон ва ҷавонон ҳамчун қувваи муҳими пешбарандаи ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар даврони истиқлол мавқеи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври назаррас таҳким ёфт. Қабули санадҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла қонунҳо ва барномаҳои марбут ба таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва дастгирии фаъолияти онҳо, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуд. Занони тоҷик имрӯз дар мақомоти давлатӣ, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон, аз ҷумла, маориф, илм, тандурустӣ, иқтисод, соҳибкорӣ, фарҳанг ва дигар самтҳо бо дасту дили поку нияти нек кору фаъолият доранд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт афзоиши иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва қабули қарорҳо мебошад. Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2025, дар хизмати давлатии кишвар 4 ҳазору 782 нафар зан, ё 25,4 фоиз аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунандаро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда аз боло рафтани мавқеи занон дар низоми идоракунии давлатӣ ва афзоиши нақши онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳоло, рушди соҳибкории занон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии дастгирии занон табдил ёфтааст. Аз соли 2006 то соли 2025 ба 1 ҳазору 395 нафар зан ба маблағи умумии 45 миллиону 460 ҳазор сомонӣ грантҳои Президентӣ ҷудо гардида, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои онҳо 6 ҳазору 833 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Танҳо тайи солҳои 2015–2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин, барои солҳои 2025–2030 ҳамасола ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон 200 гранти Президентӣ ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин тадбирҳо ба рушди фаъолияти иқтисодии занон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамоянд.
Дар замони муосир ҷавонон низ дар пиёда намудани сиёсати давлатии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. Бо дарназардошти он ки ҷавонон қисми асосии неруи созанда ва ояндаи давлат ба ҳисоб мераванд, дар даврони истиқлолият барои рушди дониш, малака, касбомӯзӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварда шудаанд. Дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди таҳсилоти олӣ ва касбӣ, иштироки ҷавонон дар озмунҳо, барномаҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.
Натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаи ҷавононро дар сохтори хизмати давлатӣ низ метавон мушоҳида намуд. Тибқи маълумоти соли 2025, дар хизмати давлатии кишвар 9 ҳазору 429 нафар ҷавонони то 35-сола, ё 50,1 фоиз аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда мебошанд. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки ҷавонон на танҳо ҳамчун неруи оянда, балки ҳамчун иштирокчиёни фаъоли идоракунии давлатӣ ва равандҳои рушди ҷомеа нақши муҳим доранд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илм, технологияҳои муосир, соҳибкорӣ, фарҳанг, варзиш ва хизмати давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамчун намояндагони фаъоли кишвар дар сатҳи байналмилалӣ низ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкории ҷавонон, ташаккули малакаҳои касбӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо барои ба неруи воқеии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфтани ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ, солҳои истиқлолият барои занон ва ҷавонони Тоҷикистон давраи имкониятҳои нав, рушди худшиносӣ ва иштироки фаъол дар ҷомеа гардид. Зани соҳибмаърифат, ҷавони донишманд ва фаъоли ҷомеа кафили рушди устувор ва ояндаи дурахшони кишвар мебошанд. Дастгирии минбаъдаи онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи иқтидори зеҳниву созандаашон яке аз заминаҳои муҳими пешрафти Тоҷикистон дар солҳои оянда ба ҳисоб меравад.

Сироҷидинова Маҳинабону
Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ГТЛ

Эҳдо ба 35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон: аз дастовардҳои имрӯз то фардои дурахшон.Бо орзуҳои нек ва ифтихорманди дарҷ ...
07/09/2026

Эҳдо ба 35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон: аз дастовардҳои имрӯз то фардои дурахшон.

Бо орзуҳои нек ва ифтихорманди дарҷ менамоям, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва арзишмандтарин неъмати давлати соҳибистиқлоли мост.
Дар ин муддат, яъне, 35 сол қабл Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба саҳнаи сиёсии ҷаҳон ворид гардид.
Ин рӯйдод барои миллати шарафманди тоҷик оғози марҳилаи нави таърихӣ — марҳилаи бунёди давлати миллӣ, муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард.
Сину соли 35 солагӣ ин сину соле мебошад, ки дар ин давра, чи шахс ва чи давлат бояд соҳибистиқлол ва рушдкарда бошад – Тоҷикистони азизу гиромии мо ин ҳардуро ноил гаштааст. Шукр аз истиқлолият!!!
Аммо бояд бо эҳсоси масъулияти таърихӣ эътироф намоем, ки роҳи истиқлол барои Тоҷикистон роҳи осон набуд.
Солҳои аввали истиқлол ҷумҳуриамон бо мушкилоти сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоъи дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, инфрасохтор, истеҳсолот ва ҳаёти иҷтимоии мардум хисороти бузург расонд. Ҳазорон оилаҳо аз маҳалли зисти худ дур шуданд, садҳо ҳазор нафар дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ қарор гирифтанд.
Дар чунин шароит масъалаи асосӣ на танҳо рушди иқтисодӣ, балки ҳифзи давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва нигоҳ доштани истиқлолияти нав бадастомада буд.
Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, матонат ва масъулияти роҳбарияти давлат ва пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда бозид.
Мо ҳамчун зодаҳо ва ҳамқадамони истиқлол, ки дар солу моҳ, рӯзу соат ҳамқадами ҳамдигар ва дар рушди якдигар саҳмгузор ҳастем, ифтихор ва шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар ин фазои сулҳу оромӣ кору фаъолият ва зиндагӣ мекунем, ки ин ҳама боиси шукргузорӣ мебошад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими Истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор — тавсеаи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми худро мегузорад.
Ҳоло Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои густурда дорад.
Маҳз фазои сулҳу субот ва сиёсати созанда, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар имконият фароҳам овард, ки эътимоди шарикони байналмилалӣ ва сармоягузорон ба даст оварда шуда, барои татбиқи лоиҳаҳои рушди захираҳои молиявӣ ва техникӣ ҷалб карда шаванд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин самт Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони муҳиму боэътимоди рушди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Дар давоми солҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар самтҳо дастгирӣ намудааст.
Ин ҳамкориҳо ба ҷумҳуриамон имконият медиҳанд, ки таҷрибаи байналмилалӣ, технологияҳои нав, усулҳои муосири идоракунӣ ва механизмҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ самаранок истифода карда шаванд.
Дар ҳамин замина мехостам махсусан ба «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ишора намоям.
Ҳадафи асосии лоиҳа, ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта аз хавфҳо, рушди таҳсилоти калонсолон, касбомӯзӣ, худиштиғолӣ ва гузариш аз кумаки унвонии иҷтимоӣ ба шуғли доимӣ мусоидат намудан мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими лоиҳа рақамикунонии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Дар доираи лоиҳа “Системаи иттилоотии бозори меҳнат” таҳия ва коркард карда шуда истодааст. Ҷорӣ намудани чунин низом қадами муҳим дар роҳи муосирсозии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.
Агар пештар корҷӯ ва корфармо барои пайдо намудани ҳамдигар бештар аз усулҳои анъанавӣ истифода мебурданд, имрӯз технологияҳои рақамӣ метавонанд ин равандро хеле осонтар, шаффофтар ва самараноктар намоянд.
Системаи мазкур ҳамзамон барои давлат имконият фароҳам меорад, ки дар бораи вазъи воқеии бозори меҳнат маълумоти дақиқтар дошта бошад ва дар асоси маълумоти воқеӣ қарорҳои дуруст қабул карда шаванд.
Ин иқдом ба ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» низ робитаи мустақим дорад.
Самти дигари муҳим — Барномаи фарогирии иқтисодӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ мебошад.
Дар доираи ин Барнома, лоиҳа касбомӯзии шахсони бекор ва муҳоҷирони ба ватан баргашта ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани малака ва тавонмандии онҳо ҷиҳати минбаъд пайдо кардани ҷойи кор ё машғул шудан ба фаъолияти даромаднок равона карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар доираи амалишавии Лоиҳа то 20 ҳаз. нафар шаҳрванд дар марказҳои таълимии низоми вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, ки аз ин шумора, то 7,5 ҳазор нафар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ба фаъолиятҳои даромаднок (startup) ҷалб карда мешаванд.
Татбиқи саривақтӣ ва самараноки Барномаи фарогирии иқтисодӣ ба амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октября 2016, №392) равона гардида, барои баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ мусоидати бевосита менамояд.
Ин нишон медиҳад, ки сиёсати муосири меҳнат ва шуғл тадриҷан ба тавонмандсозии иқтисодии занон, ҷавонон, бекорон ва муҳоҷирони бозгашта низ равона шуда истодааст.
Вақте мо аз 35 солагии Истиқлолият сухан мегӯем, бояд як ҳақиқати муҳимро фаромӯш накунем: Истиқлолият худ ба худ дастоварди анҷомёфта нест. Истиқлолият масъулият аст. Масъулияти ҳар як насл дар назди гузашта, имрӯза ва оянда. Бинобар ин, насли калонсол вазифадор аст, ки таҷрибаи таърихии худро ба ҷавонон расонад. Ҷавонон бошанд, бояд ин давлатро бо дониш, меҳнат, касб, масъулият ва ватандӯстӣ боз ҳам обод намоянд. Мо низ ин ишораҳоро ба инобат гирифта, дар ГТЛ чунин баробариро таъмин хоҳем намуд.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, мо бояд ҳифзи Истиқлолиятро бо меҳнати созанда, бо эҳтиром гузоштан ба қонун, ҳифзи ваҳдати миллӣ, бо рушди иқтисод ва бо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таҳким бахшем.
Дар иртибот ба ин, бар он кӯшиш намоем, ки ҳар як шаҳрванди қобили меҳнати ҷумҳуриамон имконияти пайдо кардани касб ва шуғли муносибро дошта бошанд. Муҳоҷири меҳнатӣ бояд ҳуқуқҳои худро донад ва аз имкониятҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар истифода намояд.
Шахси бекор бояд имконияти касбомӯзӣ ва бозгашт ба бозори меҳнатро дошта бошад. Ҷавонон бояд донад, ки касб доштан яке аз муҳимтарин кафолатҳои ояндаи онҳо мебошад. Ва ҳар як инсон бояд эҳсос намояд, ки меҳнати ҳалол ва созандаи ӯ барои давлат ва ҷомеа арзиш дорад.
Бинобар ин, дар назди мо ҷавонони даврони истиқлол вазифаҳои нав меистанд, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, рушди касбомӯзӣ ва таълими калонсолон, тавсеаи муҳоҷирати бехатар ва баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ.
Бо ҳамин ниятҳои нек, кулли кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Дар ҳамин радиф, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва ба ҳар як оилаи кишварамон файзу баракат, саломатӣ ва зиндагии шоиста орзу менамоям.
Бигзор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамеша болои сари мо парафшон бошад!
Бигзор осмони Ватани маҳбубамон ҳамеша софу беғубор бошад!
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон муборак!

Директори иҷроияи ГТЛ “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” – назди вазорат – Бобохонзода С.Ғ.

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э...
31/08/2026

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳаҳои гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ қадршиносӣ намуданд.
Дар ин радиф, 31 августи соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи ГТЛ «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Сиёвуш Ғайратро барои фаъолияти пурсамар дар бахшҳои иқтисодиёти кишвар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонид.
Ҳамчунин, Бобохонзода Сиёвуш Ғайратро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ба ҳузур пазирруфта, бо ин муваффақияти арзанда ва қадрдонии давлатӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза, матонат, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъули минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Мо ҳамаи кормандони ГТЛ Бобохонзода Сиёвуш Ғайратро самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолиятҳои минбаъда комёбиҳои беназир ва комёбиҳои нав орзу дорем. Бешубҳа, ин мукофоти баланди давлатӣ ифтихори меҳнати софдилона ва садоқати шумост.

Address

Улица Алишер Навои 5/1
Dushanbe
734000

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category