МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"

МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе", Education, кӯчаи Ғаффор Мирзо 6, Dushanbe.

20/07/2026

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

МДТ "Гимназияи N1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ба ҳамшираи тиббии муассиса Шозуҳурова Дилноза бинобар даргузашти нобаҳангоми падарашон изҳори тасаллият намуда ба аҳли оила ва наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳон аст.

Ёдашон ба хайру, манзили охираташон обод бод.

26/06/2026

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚАҲРАМОНИ СУЛҲИ МИЛЛӢ ВА ТАШАББУСКОРИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

Рӯзе нигоҳам ба як суҳбати самимии байни бобо ва набера афтод. Суҳбате, ки дар назари аввал оддӣ менамуд, аммо дар асл маънои амиқи ватандӯстӣ, сулҳ ва масъулияти инсонро дар бар мегирифт.

Бобоҷон, Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст? – пурсид набера.
Бобо бо эҳсоси баланд ва чеҳраи пур аз ифтихор посух дод:
Бале, фарзандам. Ӯ Қаҳрамони Тоҷикистон аст.
Набера боз бо кунҷковии кӯдакона пурсид:
Магар ӯ дар ҷанг қаҳрамон шуд?
Бобо бо табассум гуфт:
Не, не. Осуда бош! Ӯ ҳеҷ гоҳ хоҳони ҷанг набуд. Баръакс, ба ҷанг хотима бахшид. Имрӯз ҳам талош дорад, ки ҷаҳон аз ҷанг эмин бошад ва инсоният дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунад. Шоир беҳуда нагуфтааст: «Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест.»
Ҷасорати ӯ аз куҷо пайдо шудааст, бобоҷон? – боз пурсид набера.
Ҷасорат аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад. Ӯ Тоҷикистони азизро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Ҳамаи фаъолияти ӯ ба хотири ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардум ва ояндаи фарзандони миллат равона шудааст. Имрӯз ҳам ба ҷавонон, ки насли истиқлол ва ояндасоз ҳастанд, пайваста таъкид мекунад, ки онҳо нерӯи созандаву бунёдкори ҷомеа мебошанд.

Ин суҳбати кӯтоҳ маро ба андеша бурд. Воқеан, қаҳрамонӣ танҳо дар майдони набард ба даст намеояд. Бузургтарин қаҳрамонӣ он аст, ки инсон тавонад миллатеро аз гирдоби ҷанг берун оварад, сулҳро барқарор намояд ва барои ояндаи осоиштаи мардум замина гузорад.

Дар шароите, ки ҷаҳон рӯз аз рӯз бо низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад, ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори муколамаи созанда дар солҳои охир мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар намуда, бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими инсоният саҳми арзишманд мегузорад.

Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” саҳифаи нави дипломатияи Тоҷикистонро боз намуд.

Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд. Ҳадафи он таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколама, оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷавонону наслҳои оянда ба ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад. Қатънома ҳамчунин ба таҷрибаи сулҳофарини давлатҳо, аз ҷумла таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сулҳ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Асоси ин ташаббуси бузургро таҷрибаи таърихии худи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Миллати тоҷик талхии ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва арзиши сулҳу суботро беҳтар аз ҳар каси дигар дарк мекунад. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ имрӯз Тоҷикистонро ба яке аз таблиғгарони асосии фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ табдил додааст.

Дар меҳвари ин сиёсати сулҳпарварона нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ наҷоти давлат, ҳифзи якпорчагии кишвар ва барқарор намудани сулҳу суботро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дод. Бо иродаи қавӣ, масъулияти баланди сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ тавонист мардумро муттаҳид созад, заминаи сулҳу ваҳдати миллиро таҳким бахшад ва Тоҷикистонро ба роҳи рушду созандагӣ ҳидоят намояд.

Рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ анҷом наёфт. Баръакс, ин оғози марҳилаи нави фаъолияти ӯ дар роҳи таҳкими сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ гардид. Агар дар солҳои аввали истиқлол талошҳо ба хотири наҷоти давлат ва муттаҳид сохтани миллат равона шуда бошанд, имрӯз ин таҷрибаи гаронбаҳо ба як мактаби дипломатияи сулҳ табдил ёфтааст.

Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва нақши созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди баланд дорад.
Маҳз ҳамин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон аз гирдоби низоъ ба давлати соҳибсулҳу босубот табдил ёфт, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли ихтилофҳо бо роҳи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ эътироф мегардад. Аз ин рӯ, қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом аз таҷрибаи воқеии давлате сарчашма мегирад, ки сулҳро на аз китобҳо, балки аз таърихи пурошӯби худ омӯхтааст ва имрӯз ин таҷрибаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳи боэътимоди таъмини суботу амният пешниҳод мекунад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои зиёди байналмилалиро пешбарӣ намудааст. Аксари онҳо ба масъалаҳои об, рушди устувор, пиряхҳо, дипломатияи об ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ гардидаанд. Қабули қатъномаи нав оид ба ташаббуси “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бори дигар нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон эътимод дорад ва онҳоро барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим мешуморад.

Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва муколама ниёз дорад. Дар чунин шароит ташаббуси Тоҷикистон танҳо як санади байналмилалӣ нест, балки даъвати ҷомеаи ҷаҳон ба масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда мебошад. Ҳифзи сулҳ бояд ба фарҳанги зиндагии ҳар як инсон ва ҳар як давлат табдил ёбад.

Қабули “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” боз як далели равшани нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Ин дастовард нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии кишвар бар пояи арзишҳои умумибашарӣ аз ҷумла, сулҳ, ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамбастагӣ роҳандозӣ мегардад.

Бо итминон метавон гуфт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон сарнавиштсоз аст. Агар дар дохили кишвар ӯ тавонист сулҳу ваҳдатро барқарор созад, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон бо ибтикори ӯ ба яке аз пешоҳангони дипломатияи сулҳ табдил ёфтааст. Ин рисолати таърихӣ на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда аҳаммияти бузург дорад ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳовару ташаббускор дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.

Барои мо, тоҷикон, сулҳ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддас, асоси зиндагии осоишта ва шарти муҳими рушди устувори давлат мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Насли истиқлол бояд бо дониш, худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ дастовардҳои сулҳу истиқлолро ҳифз карда, онҳоро ба мероси гаронбаҳои наслҳои оянда табдил диҳад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, сулҳ ва ваҳдат заминаи асосии пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Аз ин рӯ, ташаббуси “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” на танҳо ифтихори Тоҷикистон, балки саҳми арзишманди миллати тоҷик дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.

Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкории созандаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи башарият саҳми муассири худро идома хоҳад дод.

МУРОДБЕК НЕЪМАТУЛЛОЗОДА – номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 10/06/2026

ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ГИМНАЗИЯ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ВАЗЪИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

Санаҳои 5-6 июни соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, Воҳидова Тахмина, хонандаи синфи 5, дар номинатсияи «Шеъри беҳтарин» сазовори Дипломи дараҷаи III ва Замонзода Марям, хонандаи синфи 10, дар номинатсияи «Ҳикояи беҳтарин» сазовори Дипломи дараҷаи II гардиданд.

Ҳамчунин, Ҷабборова Дилноза, хонандаи синфи 11 «Б», дар номинатсияи «Расми беҳтарин», Ҷалилова Марҳабо, хонандаи синфи 7, дар номинатсияи «Ҳикояи беҳтарин», Ахмедова Нурона ва Исматова Ибодат, хонандагони синфи 6, дар номинатсияи «Шеъри беҳтарин» бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибон дар фазои тантанавӣ бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маъмурияти гимназия ҳамаи ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳсил, эҷодкорӣ ва ҳифзи муҳити зист комёбиҳои бештар орзу менамояд.

04/06/2026

СУРАТГУЗОРИШ
аз маросими супоридани ифтихорномаҳо ба хонандагони фаъоли синфҳои 5–7 дар МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар соли таҳсили 2025–2026

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 03/06/2026

МДТ «ГИМНАЗИЯИ №1 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»: НАТИҶАИ «ТОП–35 НАВРАСИ МУВАФФАҚ ВА МАЪРУФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Дар шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ ва қадрдонии наврасони фаъолу лаёқатманд доир шуда, дар фазои идона сурат гирифт.

Дар натиҷаи озмун, ду нафар хонандаи МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ба рӯйхати ғолибон шомил гардиданд:

🌟 Сабзова Насиба — иштирокчӣ ва ғолиби озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе»;

🌟 Эмомов Исфандиёр — ғолиби озмуни шаҳрии «ТОП–35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе».

Маъмурияти гимназия ин дастовардро табрик гуфта, ба ғолибон дар роҳи таҳсил ва муваффақиятҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу менамояд.

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 03/06/2026

КӮДАКОН — ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии конференсияи «Ҷамъияти илмӣ-эҷодӣ» ва озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба хонандагони фаъолу болаёқат барои дастовардҳои назаррасашон дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Аз ҷумла, хонандагони МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ба натиҷаҳои зерин ноил гардида, қадрдонӣ шуданд:

🥇 Эмомов Исфандиёр — соҳиби ҷойи I аз бахши «Таърих ва археология»;

🥇 Ҳамроқулов Парвиз — соҳиби ҷойи I аз бахши «Биология (экологияи амалӣ)»;

🥈 Рӯзминшоева Амина — ҷойи II дар озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ».

Муваффақиятҳои мазкур нишони дониш, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти таҳқиқотӣ ва заҳмати пайвастаи хонандагон буда, мояи ифтихори муассиса мебошанд.

Маъмурияти гимназия ғолибонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави илму дониш ва муваффақиятҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу менамояд.

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 31/05/2026

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ВА ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии идона ва ҷамъбасти мусобиқаи футбол миёни хонандагон баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки соли 2024 Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро дар бораи эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.

Дар мусобиқа дастаҳои синфҳои 5–8 ва 9–11 бо омодагии баланд, рӯҳияи варзишӣ ва рақобати солим иштирок намуда, бозии ҷолиб нишон доданд.

Натиҷаҳои мусобиқа:

Дар гурӯҳи синфҳои 5–8 — дастаи 8А ғолиб гардид;

Дар гурӯҳи синфҳои 9–11 — дастаи 11Г ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Номинатсияҳои инфиродӣ:

Гурӯҳи синфҳои 5–8:
Дарвозабони беҳтарин — Шоев Абдулло, хонандаи синфи 7А
Бозингари беҳтарин — Қудратов Қудратулло, хонандаи синфи 8А
Нишонзани беҳтарин — Сафарализода Абдурахмон, хонандаи синфи 6Г

Гурӯҳи синфҳои 9–11:
Дарвозабони беҳтарин — Хушов Билол, хонандаи синфи 11В
Бозингари беҳтарин — Давлатзода Хоҷаисмоил, хонандаи синфи 11Г
Нишонзани беҳтарин — Фатхудинзода Мустафо, хонандаи синфи 11Г

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар байни наврасон ва таҳкими дӯстӣ миёни хонандагон баргузор гардид.

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 28/05/2026

🏆 ҒОЛИБОНИ МУТЛАҚИ ДАВРИ ШАҲРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМӢ-ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Хонандагони МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар даври шаҳрии конференсияи ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

🥇 Эмомов Исфандиёр — ҷойи I аз бахши «Таърих ва археология»

🥇 Ҳамроқулов Парвиз — ҷойи I аз бахши «Биология (экология)-и амалӣ»

Маъмурияти гимназия ғолибонро самимона табрик намуда, барояшон комёбиҳои бештар орзу менамояд.

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 24/05/2026

МУВАФФАҚИЯТИ ОМӮЗГОРИ МДТ «ГИМНАЗИЯИ №1 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» ДАР МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Санаҳои 20-21 майи соли 2026 Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук миёни калонсолон (мардон ва бонувон) бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Шокиров Аминҷон дар давидан ба масофаи 800 метр иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамзамон, ӯ санаи 23 май дар мусобиқаи байналмилалии “On Run” дар давидан ба масофаи 10 километр иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар фарҷоми мусобиқаҳо ғолибон ва ҷоизадорон бо медал ва диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Коллективи муассиса Шокиров Аминҷонро бо ин дастовардҳои варзишӣ табрик намуда, барояш муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Photos from МДТ "Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе"'s post 24/05/2026

СУРАТГУЗОРИШ
АЗ БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ ПЕДАГОГӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дар МДТ «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» хониши педагогӣ бо иштироки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ омӯзгорон доир ба усулҳои муосири таълим, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сифати таълим баромад намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва рушди раванди таълим мусоидат менамоянд.

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Address

кӯчаи Ғаффор Мирзо 6
Dushanbe
734002

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 17:00