18/07/2023
Даври қаҳрамонҳо 2023: Карлсен - ғолиби Aimchess Rapid 2023
Магнус Карлсен бар Уэсли Со бо ҳисоби 3-1 дар суперфинали дивизиони якум зафар ёфта, дар сабқати Aimchess Rapid 2023 зинаи якумро ишғол кард. Ин ҳам сабқати марҳилаи чоруми Даври қаҳрамонҳо мебошад.
Дар дивизиони дуюм Денис Лазавик ва Сэм Севян 13 даври паиҳам мусовӣ карданд. Лазавик аз ҳисоби мусовӣ бо мӯҳраҳои сиёҳ дар армагеддон зинаи аввал гирифт ва ба дивизиони якуми мусобиқаи навбатӣ даъватнома гирифт, ҷое, ки метавонад бо Карлсен, Со ва Нодирбек Абдусатторов рақобат кунад.
Дар армагеддони дивизиони сеюм бошад Юй Янйи Туан Мин Леро мағлуб намуд.
Дивизион I
Карлсен - Со: 3-1
Карлсен ва Со пештар чор маротиба дар финалҳои силсиласабқатҳои Даври қаҳрамонҳо вохӯрда буданд. Со дар сабқати Skilling open 2020 ва Opera Euro Rapid 2021 пирӯз шуда, Карлсен дар сабқатҳои FXT Crypto Cup 2021 ва финали Даври Қаҳрамонҳо- 2021 зафар ёфта буд.
Сарчашма: "chess.com"