11/05/2023
ҶАББОРЗОДА НАВРӮЗ-Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур оид ба корҳои иҷрошуда, оид ба ҷалби хатмкунандагон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ШОҲЗОД РАҲИМЗОДА гузориш дод
02/05/2023
ИШТИРОК ВА ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР АЗ ҶДММ “ТОҶ АГРО ҲАМАДОНӢ”
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “ТОҶ АГРО ҲАМАДОНӢ” санаи 14.03.2023 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии намояндагони ҶДММ «Тоҷ Агро Ҳамадонӣ» бо хатмкунандагони факултетҳои агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ гузаронида шуда буд.
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ҶДММ «ТОҶ АГРО ҲАМАДОНӢ» ҷиҳати таъминот бо ҷойи кор ва таъмини донишҷӯён бо макони таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки кушодадашавии корхона бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷамъият бо ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ғайра ҳамкориҳои зич дорад. Корхона дорои гармхонаҳои зиёд, боғҳои интенсивӣ, боғоти ангури навъҳои гуногун, заминҳои кораму ҳавзи моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва як сардхонаи бузург мебошад. Инчунин корхона соҳиби хобгоҳ ва ошхона буда, коргаронашро се вақт бо хӯрок таъмин менамояд. Дар корхона таҷҳизоти навтарин, ки маҳсули давлати Туркия мебошад, истифода мешавад.
Санаи 2 майи соли 2023 намояндагони қисми таълими дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, аз фаъолияти пурсамари ҶДММ «ТОҶ АГРО" аз наздик шинос шуданд.