25/09/2026
Дар барномаи электронии “eDonish” боз як имконияти нав барои осонтар намудани кори омӯзгорон илова гардид. 📘
Акнун ҳангоми интихоби намуди муайяни дарс ранги сутуни журнал ба таври мувофиқ тағйир меёбад. Ин тағйирот барои фарқ кардани намудҳои дарс ва дарки зудтари маълумот дар журнал мусоидат мекунад.
Бо “eDonish” раванди кор бо журнали электронӣ боз ҳам қулайтар ва фаҳмотар мегардад. 💙