Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии 48

Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии 48

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии 48, Middle School, Улица Айни 305, Dushanbe.

МТМУ 48 соли 1975 таъсис дода шуда, бо зиёд гардидани талабот дар доираи сиёсатҳои маорифпарваронаи ҳукумати кишвар 31.08.2022 бо иштироки Пешвои миллат бинои иловагии муҷаҳаз бо тамоми имкониятҳо ифтитоҳ гардид.

Photos from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon's post 08/07/2026
Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур's post 02/07/2026
Photos from Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии 48's post 29/06/2026

ГУВОҲНОМА муборак!
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 имрӯзҳо ба боргоҳи талош баҳри маърифат табдил гардидааст. Ба даст гирифтани Гувоҳномаи курси зеҳни сунъӣ аз тарафи омӯзгорони фанни технологияи информатсионии муассиса Ёдгори Сайдамирхуҷа ва Зоҳидова Муҳайё аз идомаи силсила дастовардҳо буда мусоидатгари баланд гардидани сатҳи дониши муосири ҳайати кормандон ва таълимгирандагон мебошад. Дар оянда низ талош баҳри ҳамқадами замон будан дар муассиса идома хоҳад дошт.

Photos from Маорифи Шоҳмансур's post 29/06/2026
23/06/2026

АВФ — ОИНАИ ГУМАНИЗМИ ОЛӢ ВА ТАҶАССУМГАРИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар таърихи давлатдорӣ, на ҳар роҳбар метавонад сиёсати давлатро бар пояи инсондӯстӣ, адолат ва бахшиш бунёд намояд. Ин кор фақат ба шахсияте муяссар мегардад, ки дар меҳвари андешаи сиёсӣ арзиши инсон, тақдири миллат ва суботи ҷомеаро қарор дода бошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мактаби давлатдорӣ маҳз бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад.
Яке аз равшантарин намунаҳои гуманизми давлатӣ дар сиёсати Пешвои миллат ин қабули пайвастаи қонунҳои авф мебошад. Авф дар илми ҳуқуқ ҳамчун намунаи олии зуҳуроти раҳму шафқат ва инсондӯстӣ эътироф шудааст. Зеро давлат дар баробари ҷазо додан, ба инсон имкони ислоҳ, тавба ва бозгашт ба ҷомеаро низ медиҳад.
Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии Пешвои миллат аз солҳои аввали истиқлол то имрӯз дар Тоҷикистон ҳудудан 18 санади авф қабул гардидааст. Ин рақам худ далели равшани сиёсати башардӯстонаи роҳбари давлат мебошад. Ҳар як қонуни авфе, ки пешниҳод гардидааст, дар асл на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки нишонаи раҳмдилӣ, ғамхорӣ ва эътимод ба инсон будааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ҷомеа ба ваҳдат ва оромӣ ниёз дошт, Пешвои миллат роҳи интиқомро не, балки роҳи бахшиш ва авфро интихоб намуданд. Ин иқдом дар илми сиёсат ҳамчун модели созандаи оштии миллӣ арзёбӣ мешавад. Зеро бахшиш дар он давра тавонист садҳо ва ҳазорҳо нафарро ба зиндагии осоишта баргардонад ва пояҳои сулҳу ваҳдатро устувор намояд.
Қабули аввалин қонунҳои авф дар солҳои 1994, 1996 ва 1998 маҳз дар ҳамин замина аҳамияти сарнавиштсоз дошт. Ин иқдом собит намуд, ки роҳбари давлат инсонро болотар аз ҷазо мебинад.
Бо мурури замон сиёсати авф ба як суннати муҳими давлатдорӣ табдил ёфт. Қонунҳои авфи солҳои 2001, 2006, 2011, 2016, 2021 ва 2026, ки аксаран ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ қабул гардиданд, садҳо ҳазор нафарро фаро гирифтанд. Танҳо авфи соли 2021 беш аз 16 ҳазор нафарро дар бар мегирифт. Аммо авфе, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни 2026 қабул гардид бо фарогирии 18 ҳазору 38 нафар аз авфҳои пештар мутафовит аст. Ин омор нишон медиҳад, ки сиёсати Пешвои миллат на танҳо ба таъмини қонуният, балки ба ҳифзи сарнавишти инсон нигаронида шудааст.
Дар фалсафаи сиёсӣ бахшидан нишонаи қудрати маънавии роҳбар аст. На ҳар давлат ҷуръат мекунад, ки нисбат ба маҳкумшудагон чунин муносибати инсондӯстона пеш гирад. Аммо таҷрибаи Тоҷикистон исбот намуд, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат инсон, шаъну шараф ва имконияти дуюми зиндагии ӯ қарор дорад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар ҳамаи қонунҳои авф Пешвои миллат ба гурӯҳҳои осебпазир — модарон, занон, ноболиғон, пиронсолон ва беморон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ин ҷанба нишон медиҳад, ки гуманизми сиёсати давлат танҳо дар сухан нест, балки дар амал таҷассум ёфтааст.
Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки сиёсати авфи Тоҷикистон яке аз инсонмеҳвартарин сиёсатҳои ҷиноятӣ дар минтақа мебошад. Сабаби асосии ин дар он аст, ки сарвари давлат ба ҷазо ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ не, балки ба ислоҳи инсон ҳамчун ҳадафи аслӣ менигарад.
Ин ҳама бозгӯи он аст, ки Пешвои миллат дар тӯли солҳои роҳбарӣ на танҳо ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдат, балки ҳамчун меъмори мактаби гуманизми давлатӣ дар Тоҷикистон шинохта мешаванд.
Имрӯз ҳар як қонуни авфе, ки дар Тоҷикистон қабул мегардад, барои ҳазорон оила муждаи умед, эҳёи зиндагӣ ва оғози роҳи нав мебошад. Дар паси ҳар як авф тақдири инсон, ашки модар, орзуи фарзанд ва имконияти зиндагии дубора қарор дорад. Ва маҳз ҳамин ҷост, ки бузургии сиёсати Пешвои миллат барҷаста зоҳир мегардад. Зеро раҳбаре, ки мебахшад, роҳбари одӣ нест; ӯ раҳбарест, ки инсонро мефаҳмад, ҷомеаро мешиносад ва ояндаи миллатро бо меҳру шафқат месозад.
Ин аст моҳияти аслии сиёсати авф дар Тоҷикистон — сиёсати давлате, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат инсонро арзиши олӣ медонад.

Шерова Тахмина Назриддиновна, директори МТМУ №48-и
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

17/06/2026

ШОҲМАНСУР: ПАНҶГОНАИ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДАР РУШДИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПИИ СОЛИ 2026

Photos from ҲХДТ Шоҳмансур's post 10/06/2026
Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Website

Address

Улица Айни 305
Dushanbe