Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

Share

Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

Photos from Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ's post 28/05/2026

Тибқи нақша- чорабиниҳои Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи ҷавонон ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар Донишкада ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “ҶАВОНОН- НЕРӮИ СОЗАНДА” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур, санаи 26.05.2026 бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносии Донишкада ташкил карда шуд. Мавриди зкир аст, ки дар ҳамоиш Ҷуразода Х.Ҳ.- ректори Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ, Абдиев Ҷ.Х.- сардори шуъбаи таълими донишкада, Мисралиев Ф.Д.- муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишкада, Амирбекзода С.А.- сардори шуъбаи илми донишкада иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш омӯзгорон Исматова Н.Ш., Мирзоев М., Икромова М. Н. ва донишҷӯён, маърӯзаҳо ва рунамоҳои омоданумудаи худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ректори донишкада Ҷуразода Х.Ҳ. ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯён сипоснома ва ифтихорнома тақдим гардид.

Photos from Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ's post 23/05/2026

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷамъомади илмӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур Ҷуразода Х.Ҳ.-ректори Донишкада, Абдиев Ҷ.Х- сардори шуъбаи таълими Донишкада, Амирбекзода С.- сардори шӯъбаи илми Донишкада, Шарипов Ҳ.А., Саидҷаъфарзода М.С., Ҷалолзода А.А., Нурублоева М.М.- омӯзгорони кафедраҳои зертобеъи Донишкада ва ҷамъи донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷуразода Х.Ҳ.- ректори Донишкада, ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфт. Абдиев Ҷ.Х.- сардори шӯъбаи таълими Донишкада зимни суханронии худ таъкид намуд, ки имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муҳим доранд.

Шарипов Ҳ.А., Саидҷаъфарзода М.С., Нурублоева М.М.- омӯзгорони кафедраҳои зертобеъи Донишкада, қайд намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таҳсил, рушди зеҳниву ҷисмонӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи ҷамъомад Сафарова Ф., Давлатзода Д. Абдуллозода Б., Бобохуҷаев М.- донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-230101.01- "Сиёсати беруна ва дипломатия", маърӯзаҳои омоданамудаи худро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Онҳо аз таърихи рӯзи ҷавонон ёдоварӣ шуда, инчунин қайд намуданд, ки ҷавонони Донишкада ҳамчун ворисони арзандаи гузаштаи худ бо дониш, ташаббус ва дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва варзишӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ, дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди иқтидори зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.

Ҷамъомади мазкур бо ибрози андешаҳои донишҷӯён ва ҷамъи ҳозирин анҷом ёфт.

13/05/2026

САФАРҲОИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАҲКИМИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо равандҳои мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ барои ҳар як давлат аҳаммияти ҳаётӣ касб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари мустақил ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии мутавозин ва дарҳои бозро амалӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегӣ мавқеи махсус дорад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз танҳо ҳамкориҳои оддии дипломатӣ нестанд, балки ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд. Дар солҳои охир робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду давлат ба таври назаррас густариш ёфта, заминаи устувори ҳамкориҳои дарозмуддатро ба вуҷуд оварданд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар ва эътимоди мутақобил боис гардид, ки ин муносибатҳо пайваста рушд намоянд.

Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли 2026 ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ метавонад марҳилаи нави ҳамкориҳои ду кишварро оғоз намояд. Ин сафар дар шароите сурат мегирад, ки ҷаҳон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва минтақавӣ бештар ниёз дорад. Тоҷикистон низ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва тавсеаи имкониятҳои инфрасохторӣ ҳамкориҳои худро бо шарикони боэътимод густариш медиҳад. Имрӯз Чин яке аз давлатҳои пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон бошад, бо мавқеи муҳими ҷуғрофии худ метавонад ҳамчун пайванди муҳими нақлиётӣ ва иқтисодӣ миёни минтақаҳо хизмат намояд. Аз ҳамин лиҳоз, густариши ҳамкориҳо бо Чин барои Тоҷикистон аҳамияти стратегии калон дорад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар муносибатҳои ду кишвар рушди инфрасохтор мебошад. Солҳои охир бо ҷалби сармояи чинӣ дар Тоҷикистон роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ ва як қатор иншооти муҳими иқтисодӣ сохта шуданд. Ин лоиҳаҳо на танҳо ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ мусоидат намуданд, балки барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ низ замина фароҳам оварданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ба рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ эҳтиёҷи зиёд дорад ва ҳамкориҳо бо Чин дар ин самт аҳамияти калон касб мекунанд. Дар баробари ин, ҳамкориҳои саноатӣ низ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, истифодаи самараноки онҳо ба ҷалби технология ва сармоягузории муосир вобаста аст. Ширкатҳои чинӣ дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика ва коркарди ашёи хом фаъолона иштирок доранд. Дар оянда низ густариши чунин ҳамкориҳо метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ мусоидат намояд.

Соҳаи энергетика низ дар муносибатҳои ду кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва рушди ин соҳа барои иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҷалби сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла сармояи чинӣ, барои бунёди зерсохторҳои энергетикӣ метавонад имкониятҳои нави иқтисодиро фароҳам оварад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин танҳо бо иқтисод маҳдуд намешаванд. Дар солҳои охир робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ густариш ёфтаанд. Омӯзиши забони чинӣ миёни ҷавонони тоҷик бештар гардида, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин афзоиш меёбад. Ин раванд барои омода намудани мутахассисони ҷавон ва таҳкими робитаҳои байни мардумони ду кишвар аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаҳои амният низ дар меҳвари ҳамкориҳои ду давлат қарор доранд. Тоҷикистон ва Чин дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир ҳамкории фаъол доранд. Махсусан, дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак барои таъмини суботи минтақавӣ аҳамияти калон дорад.

Бояд таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон имрӯз ба таҳкими ҳамкориҳои судманд ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин низ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва омили муҳими субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ менамояд. Ин эътимоди сиёсӣ имконият медиҳад, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун боз ҳам рушд ёбанд. Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин метавонад барои ҷалби сармоягузориҳои нав, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Имрӯз Тоҷикистон барои саноатикунонии босуръат ва гузариш ба иқтисоди муосир ба шарикони технологӣ ниёз дорад ва Чин дар ин самт метавонад нақши муҳим бозад.

Дар маҷмуъ, муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз намунаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ба ҳисоб мераванд. Ин муносибатҳо бар пояи эҳтироми тарафайн, эътимоди сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак рушд намуда, барои таҳкими субот ва рушди иқтисодии ду кишвар мусоидат мекунанд. Бо дарназардошти равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду давлат, метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар оянда боз ҳам густариш ёфта, ба марҳилаи нави рушд хоҳанд расид.

Мисралиев Ф.Д.- муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи ДБССТ

12/05/2026

Муносибатҳои бисёрсамтаи ҳамкориҳо барои манфиатҳои дуҷонибаи кишварҳо

Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкориҳо самарабахш идома доранд. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегарданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шуда, 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намудааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин 7 апрели соли 1997 фаъолияти худро оғоз кардааст. Муносибатҳои дустонаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор гардида, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар хизмат мекунад.

Дар тули солҳои сипаришуда сафарҳои пурсамари мутақобила дар сатҳи олӣ, инчунин муносибатҳои расмии намояндагони ду кишвар, ки шаҳодати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин мебошад, доир гардиданд. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 150 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидаанд, ки Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мадумии Чин дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ - асоси муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Яке аз муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои шарикии Тоҷикистону Чин - ин боварии мутақобила ба якдигар мебошад. Мавқеи асосии Тоҷикистон дар мавзуи ба Чин тааллуқ доштани ҷазираҳои Тайван дар тамоми ҳуҷҷатҳои сиёсии Тоҷикистону Чин, шурўъ аз Ёддошти Тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 4 январи соли 1992 ва инчунин Аҳдномаи ҳамҷаворӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ аз 15 январи соли 2007 инъикос ёфтааст.

Баъди нахустин сафари Пешвои Миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихи 7-11 марти соли 1993 ва мулоқот бо раиси ин кишвар Ян Шан Кун ва ба имзо расидани «Изҳороти муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои мутақобила» ва як зумра санадҳои заминавии ҳамкории миёни ду давлати ҳамсояро рў ба густариш овард. 27 июни соли 1996 Созишнома дар бораи эътимоди низомӣ дар минтақаҳои сарҳади аз ҷониби сарони 5 - давлат Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия ба имзо расид,ки он минбаъд ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай асоси сиёсӣ- ҳуқуқӣ гузошт, балки дар таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин нақши муҳим дошт.

Соли 2006 – ро метавон оғози гардиши бузург дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуд. 14 июни соли 2006 дар ш. Шанхай дар ҳузури сарони ҳар ду давлат Пешвои Миллат Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсин Тао як зумра санадҳои қарордодии ҳуқуқӣ ба имзо расиданд ва то ин љониб Тоҷикистону Чин ба марҳилаи робитаҳои густурдаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ворид шуданд. Ҳамзамон дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар марҳилаи нав руйдодҳои зиёд ба амал омадаанд, ки муҳимтарини онҳо, сафари кории Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мухтори Синзяан-Уйғури Чин 17-19 июни соли 2010 маҳсуб меёбад. Натиҷаи асосии сафарҳоии мазкур- ба имзо расонидани як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва амалӣ гардидани мувофиқаҳо ҷиҳати рушди муносибатҳо баҳри баланд бардоштани некўаҳволии мардум мебошад. Сафари давлатии роҳбари нави Чин –Си Тсин Пин дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар сентябри 2014 равобити Тоҷикистону Чинро боз ҳам қавитар гардонид.

Дар марҳилаи кунунӣ муносибатҳои накуи миёни Тоҷикистону Чин, ки бар пояи ҳамсоягии хуб, дустии босадоқат, шарики дар боло зикр шудаи боэътимоди стратегӣ асос ёфта дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад.
Њаљми гардиши савдо (молу мањсулот) байни ду кишвар дар соли 2015., 793 млн долларро ташкил дода соли 2016 он тақрибан 12% зиёд гардид ва ба 885 млн доллар расид. Дар солҳои охир Чин ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт, танҳо дар 5 моҳи аввали соли 2025 гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар 964 млн долларро ташкил дод. Асоси онро рушди лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», афзоиши воридоти техника, таҷҳизот ва молҳои саноатӣ аз Чин, содироти маъдан, пахта ва баъзе маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва нақлиётӣ ташкил медињад.

Боварии комил дорем, ки вохурии навбатии Пешвои Миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роњбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тсин-Пин дар доираи ҳусни таҳофум барои манфиати ҳар ду кишвар сурат гирифта барои рушди муносибатҳои оянда заминаи нав мегузорад.

н.и.т. м\к., Исматова Н.Ш.-н.и.т., омӯзгори калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ
ва сиёсатшиносӣ

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Борбад 48/8
Dushanbe
[email protected]

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00
Saturday 08:00 - 18:00