Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, College & University, хиёбони Рӯдакӣ 121, Dushanbe.

15/02/2021

Устодон ва донишҷӯёни азиз! Дар ин саҳифа обуна шуда, аз дурдонаҳои назму насри ҷаҳон огаҳ гардед...

Моро дар саҳифаи Телеграм низ метаовнед ҳамраҳӣ кунед: Khirad21
Бо Хирад бошед...

https://www.facebook.com/khirad21

Photos from Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ's post 03/10/2019

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

Саҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта бар худ нақши абдӣ ифо намудаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Иғроқ нагуфтаем агар бигӯем, ки маҳз ба шарофатии муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.
Аз ин рӯ ҳама сола ҳафтаи аввали моҳи октябо Рӯзи муаллим дар сар тосарии кишвари маҳбубамон баргузор мегардад.
Имрӯз (03.10.2019) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ, Рӯзи муаллимон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ретори донишгоҳи мазкур ҳама устодони донишгоҳро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, ба устодон туҳфаҳои хотирмонро тақдим намуданд.

Шоире барҳақ фармуда, ки:

Муаллим роҳбари илми замон бошад,
Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.
Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро
Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.
Кунад парвоз инсон дар само нотарс,
Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад.
Расонад одамонро бар муроди хеш,
Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад.

Дар охири чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ табъи ҳозиринро шод намуданд.

22/09/2019

Медонам имрўз борҳо ва борҳо таваллудатонро табрик гуфтаанд, шояд вожаҳои табрикотии онҳо зеботар будаанд, аммо бо он ҳама ихлос ва иродате, ки мо кормандон бо Шумо дорем қобили қиёс нест. Рўзи милодатон рўзи шукуфтани ғунчаҳои меҳрубонӣ ва боғистони хоксорист.
Ба муносибати ин рўзи муаззами парвардигори меҳр бароятон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ ва қалби лабрези фараҳу шодиро таманно дорем. Сад сола шавед!
Милодатон муборак Устод!

Photos from Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ's post 20/09/2019

Рўзи Рўдакӣ дар ДДОТ
Имрўз 20.09. 2019 дар толори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маҳфили илмию адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ баргузор гардид.
Маҳфили мазкурро ректори донишгоҳ, профессор Нўъмонҷон Ғаффорӣ оғоз намуда, роҷеъ ба рўзгор ва осори Одамушшуаро Рўдакӣ суханронӣ намуданд. Пас аз суханронии ректори донишгоҳ, шоири шинохтаи тоҷик Абдуҷаббори Суруш дар мавзўи «Рўдакӣ қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ» суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир дастаи «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Photos from Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ's post 09/09/2019

ҶАШНИ 28-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
МУБОРАК

Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми Нерўгоњи барқи обии «Роғун» рўзҳои 6,7 ва 8 сентябри соли 2019 аз соати 18:00 то 19:00 дар боғи фарҳангию фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ» дастаи фарҳагии «Черанамо»-и Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки бевоситаи ректори донишгоҳи мазкур, профессор Нўъмонҷон Ғафорӣ баҳри фароғати сокинони пойтахт бо барномаҳои ҷаззоби худ ҳунарнамоӣ намуданд.

Давоми се рўз, ки дастаи фарҳагии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо сурудҳои дилошуб ҳунарнамоӣ намуданд, бори дигар собит гардид, ки дар кишвари азизамон ҳар лаҳзааш зуҳури навгониҳост, ибтикороти бештар ба вуқуъ мепайвандад, подоши некандешиву ифтихор ва иродату эътимоди халқ ба кишвар ва ҳама эъҷозҳоест, ки дар имтидоди Истиқлолият чашмгир гаштаанд. Яъне итминон бояд ҳосил намуд, ки исми ҳама созгориҳое, ки барои ободтар, шодобтар, шукуфотар ва ҷонбахштар кардани ҷуғрофиёи офтобӣ ва сабзу сапеди мо ба сомони нек расидаанд, як василаи шинохти дурусти тоҷикон аз равзанаи навкушудаи ҷаҳониён ба сўи Тоҷикистон гашта ва ниҳоят қалбу андешаи халқро огандаи эҳсоси бовар ба фардо кардаанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи
ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Culinary Team

Attire

Telephone

Address

хиёбони Рӯдакӣ 121
Dushanbe
734003