19/06/2026
🌍💧 Дар рӯзномаи «Согдийская Правда» мақолаи ректори ДКМТ оид ба Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба нашр расид
Дар рӯзномаи вилоятии «Согдийская Правда» мақолаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба нашр расид.
Дар мақола таъкид шудааст, ки таъсиси ин ҷоиза тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ин иқдом аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд.
Муаллиф нақши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо»-ро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об махсус қайд намудааст.
Зикр гардидааст, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об барои қадршиносии дастовардҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва амалии шахсону ташкилотҳо дар самти ҳифзи захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Нашри чунин маводҳо саҳми олимони ДКМТ-ро дар тарғиби сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор боз ҳам тақвият мебахшад.