Таджикский государственный университет пр

Таджикский государственный университет пр

Comments

2017-2021
Факултети Молия "Кори бонки"
Какие судествуют факультеты?
#ГОРИЗОНТ2100
Международный молодежный конкурс научных и научно-фантастических работ
Прием работ от молодежи любой национальности из любой страны и любой точки мира в возрасте от 16 до 26 лет до 31 мая 2021 года - http://www.futurible.space/ru/project/horizon-2021/
КОНКУРС ПРОВОДИТСЯ ПО ДВУМ НОМИНАЦИЯМ:
 На лучшую научную работу - научно-исследовательскую, научно-практическую работу, отражающую инновационные идеи, научное видение о будущем планеты и человечества на рубеже 2100 года,
 На лучшую научно-фантастическую работу - рассказ, эссе, репортаж - описывающую воображаемые инновационные и оригинальные идеи, фантастические события,
а также содержащую решения, направленные на
- снижение уязвимости человечества перед лицом будущих пандемий;
- создание предпосылок и механизмов в любых сферах для развития и укрепления устойчивости человечества к возможным вызовам будущего;
- формирование такого будущего, в котором авторам работ хотелось бы жить самим, и которое, по их мнению, будет соответствовать запросам нынешних и потребностям будущих поколений.
ПРОФИЛЬНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ КОНКУРСА:
 Человек будущего
 Мир будущего
 Будущее науки, управления знаниями и инновациями
 Будущее ИИ, цифровой среды и других ключевых технологий
 Будущее экономики, бизнеса и финансовой сферы
 Будущее экосистемы Земли
 Энергетика будущего
 Будущее жизнедеятельности и среды обитания человечества
ПОБЕДИТЕЛИ КОНКУРСА ПОЛУЧАЮТ БЕСПЛАТНОЕ ПРАВО:
- участия в форуме «ОБРАЗ БУДУЩЕГО, КОТОРОЕ МЫ ХОТИМ: ФОРСАЙТ 2100» в Москве в августе 2021 года, где пройдет вручение дипломов;
- размещения работ в интернет-справочнике и литературном альманахе по каждому профильному направлению (I, II, III места): http://www.futurible.space/ru/winners/
Звание ГРАН-ПРИ присуждается лучшему участнику в каждой из номинаций.
Сертификат в формате PDF получат все участники.
Рабочие языки конкурса – русский и английский.
Подробная информация на русском: http://www.futurible.space/ru/project/horizon-2021/
Подробная информация на английском: http://www.futurible.space/en/project/horizon-2021/
По этим же ссылкам можно зарегистрироваться и подать работу.
Вопросы по участию на русском: [email protected]; на английском: [email protected]space
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ ДАР ДДҲБСТ
Ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббус раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор шуд. Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда иброз кард, ки дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Қобили зикри махсус аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар идома муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баромад намуд. Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи пойтахт танҳо ҷашни сокинони пойтахт нест, балки ҷашни тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад.
Инчунин, дар маҷлиси тантанавӣ чанде аз донишҷӯёни донишгоҳ перомун нуфузу мақоми пойтахти азизамон шеъру гуфторҳои дилнишин қироат намуданд ва Рӯзи пойтахт дар донишгоҳ хубу хотирмон таҷлил карда шуд.
Имрӯз дар гурӯҳи 1-24.01.02т(а) аз ҷониби муаллими калони кафераи фанҳои ҷамъиятӣ Ҳусайнов М.С дарси кушоди таълимӣ аз фанни диншиносӣ гузаронида шуд.
Медицинский
Шиноснома аз гузаргохи зеризамини мачмааи Истиклол (Точ)ёфт шудааст. Тел: 92-644-89-48

Фейсбук-страница Таджикского государственного универ Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики (ТГУ ПБП) был образован 5 августа 1993 года согласно Постановлению Совета министров Республики Таджикистан под номером №364. Здесь изучается едва ли не все направления гуманитарных социально-экономических наук: юриспруденция, менеджмент, коммерция, экономика, управление, информационные системы, политология и т.д.

Отметив значение ТГУПБП Президент Республики Таджикистан Э.Ш.Рахмонов еще 24.01.1995 года в журнале «Деловой мир» сказал: «Университет права, бизнеса и политики Таджикистана станет «мозговым центром» реформ законодательства и будет готовить специалистов в области предпринимательства, коммерческой деятельности и международного права».

Operating as usual

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 04/01/2022

Паём-барномаи саодати зиндагӣ
04 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир шуд. Дар мулоқот инчунин, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишварро барои як сол ва солҳои минбаъда мушаххас менамояд. Дар идома, илова гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Сипас, Наим Маоликисломӣ - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, иброз дошт, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров меҳмононро ҷиҳати иштирок дар мулоқот шодбош намуда, қайд кард, ки Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ минбаъд низ идома хоҳад кард. Кормандону устодони донишгоҳ нуктаҳои Паёмро мавриди омӯзиши ҳамешагӣ қарор дода, дар амалинамоии дастуру супоришҳои дар он зикр гардида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

31/12/2021

Табрикоти
солинавии ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

http://tsulbp.tj/archives/14262

Табрикоти
солинавии ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

http://tsulbp.tj/archives/14262

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 31/12/2021

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 31/12/2021

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ДДҲБСТ дар соли 2021

http://tsulbp.tj/archives/14222

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 23/12/2021

Пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ
Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Руховар Майнусов дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи дуюм ноил шуд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз ҳафт кишвар варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳам рақобат намуданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ Руховар Майнусов дар вазни то 51 кг ба чор ҳарифаш ғолиб омада, дар ин вазн соҳиби мақоми дуюм гардид. Ба ғолибон медалу диплом тақдим карда шуд.
Руховар Майнусов бо пирӯз гардидан дар мусобиқаҳо роҳхати Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди бокс, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба даст овард.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои пирӯзиҳои минбаъда ба Руховар Майнусов барору комёбӣ орзу менамояд.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 23/12/2021

Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ
Дар доираи лоиҳаи “Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз санаи 20 декабри соли равон тренинг барои 30 нафар омӯзгорон гузаронида шуда истодааст.
Дар оғози тренинг муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳа иштирокчиёни тренингро бо мақсад ва вазифаҳои дар доираи лоиҳаи мазкур муайяншуда шинос намуд. Мушовири ректори ДДҲБСТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҷӯраев Абдураҳим Хоҷиевич ва Аъзои ассотсиатсияи тафаккури интиқодии Тоҷикистон Мунаввар Содиқов ҳамчун мураббӣ (тренер) таклиф карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардида, барои гирифтани грантҳо ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ амалӣ мегарданд, равона шудааст.
Сарпарасти лоиҳа, номзади илмҳои иқтисодӣ Дадохон Аминов тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда дар иҷрои самараноки вазифаҳои гузошташуда ва татбиқи лоиҳа ӯҳдадор мебошад.
Татбиқи лоиҳа дар се марҳила: ташкили курси махсус барои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ, таҳияи барномаи курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” барои бакалаврҳои ихтисосҳои педагогӣ, ташкил ва ҷорӣ намудани курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” дар донишгоҳ амалӣ карда мешавад.
Дархости лоиҳавии “Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ ” ба рушди қобилияти мантиқии донишҷӯён, асосноккунии ва возеҳ сохтани нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо, малакаи муҳокимаи муаммоҳои касбӣ, ҳифзи ақидаи худ, шарҳ додани моҳияти ходисаҳо, ҷараёнҳо, хулоса баровардан, ҷавобҳои асоснок манзур намудан мусоидат менамояд.
Трениги мазкур то санаи 28 декабри соли 2021 идома хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Формирование критического мышления студентов педагогических специальностей в образовательном процессе ТГУПБП
В рамках проекта «Формирование критического мышления студентов педагогических специальностей в образовательном процессе ТГУПБП», в Таджикском государственном университете права, бизнеса и политики» с 20 декабря текущего года проводится тренинг для 30 преподавателей.
Перед началом тренинга проректор по международным связям, профессор Даврон Бободжонов, в качестве координатора проекта, ознакомил участников с целями и задачами проекта. В качестве тренеров были приглашены советник ректора ТГУПБП, кандидат философских наук, доцент Джураев Абдурахим Ходжиевич и член Ассоциации критического мышления Таджикистана Содиков Мунаввар. Тренинг продлится до 28 декабря 2021 года.
Напомним, проект реализуется Институтом "Открытое общество" Фонд содействия - Таджикистан для получения грантов и поддержки инициатив, направленных на развитие критического мышления в высшем образовании.
Руководителем проекта является кандидат экономических наук Дадохон Аминов в соответствии с разработанным планом мероприятий по эффективной реализации поставленных задач и реализации проекта.
Проект будет реализован в три этапа: организация спецкурса для профессорско-преподавательского состава вуза, разработка программы спецкурса «Критическое мышление» для бакалавров педагогических специальностей, организация и реализация спецкурса «Критическое мышление» на базе университета.
Проект « Формирование критического мышления студентов педагогических специальностей в образовательном процессе ТГУПБП» поможет развить у студентов логические способности, умение обоснованно и аргументированно говорить и писать, умение обсуждать профессиональные проблемы, отстаивать свою точку зрения, резюмировать, объяснять события, аргументированное представление.

Formation of critical thinking of students of pedagogical specialties in the educational process of TSULBP
From December 20 of this year at Tajik state university of law, business and politics was held a training for 30 teachers within the framework of the project "Formation of critical thinking of students of pedagogical specialties in the educational process of TSULBP".
Before the start of the training, vice-rector for International relations, professor Davron Bobodjonov, as the project coordinator, acquainted the participants with the goals and objectives of the project. Adviser to the rector of TSULBP, candidate of philosophical sciences, associate professor Juraev Abdurakhim Khodzhievich and member of the Association of Critical thinking of Tajikistan Sodikov Munavvar were invited as trainers. The training will run until December 28, 2021.
We’ll remind that the project is being implemented by the Open Society Institute Assistance Foundation - Tajikistan to receive grants and support initiatives aimed at developing critical thinking in higher education.
The project manager is the candidate of economic sciences Dadokhon Aminov in accordance with the developed action plan for the effective implementation of the assigned tasks and the implementation of the project.
The project will be implemented in three stages: the organization of a special course for the teaching staff of the university, the development of a special course program "Critical Thinking" for bachelors of pedagogical specialties, the organization and implementation of a special course "Critical Thinking" on the basis of the university.
The project " Formation of critical thinking of students of pedagogical specialties in the educational process of TSULBP" will help develop students' logical abilities, the ability to reasonably and reasonably speak and write, the ability to discuss professional problems, defend their point of view, summarize, explain events, reasoned presentation.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 21/12/2021

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 21/12/2021

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат дар ДДҲБСТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳҳову толор ва синфхонаҳои барҳаво сарҷамъ гардида, дастаҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат иброз карданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо назардошти ин ва беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии кормандони соҳа Пешвои миллат таъкид карданд, ки аз моҳи июли соли 2022 маоши кормандони соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз боло бурда шавад. Инчунин зимни Паём иброз гардид, ки дар 5 соли оянда беш аз 1000 муассисаҳои таълимии типи нав сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон мебошад.
Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад. Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад. Кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ менамоянд.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 18/12/2021

Донишҷӯи ДДҲБСТ “Донишҷӯи сол-2021” гардид
Донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мутриба Мирпочоева дар риштаи фанҳои гуманитарӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2021” сазовори ҷойи аввал гардида, бо Диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадршиносӣ шуд.
Инчунин, корманди парки технологӣ Далер Қосимов дар номинатсияи “Ихтирокорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” дар бахши модел ва конструксияҳо байни донишҷӯён ва олимони ҷавон ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёб шуда, бо Диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Ҳамчунин, чанде аз устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даври вилоятиву ҷумҳуриявии озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғи маърифат” ғолиб шудаанд, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои МИҲД-и вилояти Суғд гардиданд.
Ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 17/12/2021

Ғолибияти лоиҳаҳои Парки технологӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ
Дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе бори нахуст озмуни беҳтарин лоиҳаҳои сохибкорӣ ва стартапҳо бо номи Tajik Startup Challenge дар доираи барномаи
IRDP / TRIGGER II (GIZ) ташкил ва гузаронида шуд.
Аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе 10 лоиҳаи бехтарин ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд. Ду лоиҳаи Парки технологии ДДҲБСТ дар озмуни мазкур иштирок кард. Фарзона Маҳмудова бо лоиҳаи “Fishgar” ва Сӯҳроб Охунчонов бо лоиҳаи “Шуғли алтерантивӣ” аз Технопарки донишгоҳ лоиҳаҳояшонро муаррифӣ карданд.
Дар ин озмун инчунин роҳбарон ва намояндагони ширкатхои GIZ, UNDP, PEM Consulting, 55 Group, Tcell, Accelerate Prosperity ва сафорати Олмон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон яке аз ғолибони барномаи стартап-инкубатсияи Технопарки ДДҲБСТ аз шаҳри Хуҷанд Фарзона Маҳмудова ҷои 1-умро гирифт.
Ӯ лоиҳаи «Фишгар»-и худро бомуваффақият муаррифӣ кард, ки дар байни 10 лоиҳаи тиҷории интихобшуда аз саросари Тоҷикистон, ки дар озмун муаррифӣ шуда буд, беҳтарин дониста шуд.
Ширкати «Фишгар» аввалин лоиҳаи таҳия ва истеҳсоли ғизои табиии моҳӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳадафи ин лоиҳа ивази воридоти ғизо аз кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Лоиҳаи Сӯҳроб Охунчонов бо номи “Шуғли алтерантивӣ” сазовори ҷойи чорум гашт.
Раёсати донишгоҳ барои пирӯзӣ дар озмуни мазкур ба роҳбарони лоиҳаҳо барору комёбиҳои паёпай орзу намуда, ба шарикони лоиҳаҳои Парки технологӣ изҳори сипос менамояд.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 15/12/2021

Пирӯзиҳои паёпай дар риштаи варзиш
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари таҳсил ва аз худ намудани дарсҳо пайваста ба варзиш машғул гардида, ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.
Донишҷӯи донишгоҳ Нигина Ботурова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук ширкат варзида, дар чор намуд: ҷаҳидан ба баландӣ 1 метру 40 см, давидан ба масофаи 200 метр, эстафета 4х100 ва 4х400 ба гирифтани мақоми аввал комёб шуда, дар чор намуд соҳиби пирӯзӣ ва медалу диплом гардид.
Донишҷӯи дигари донишгоҳ Шоҳнур Абдуллоев дар Чемпионати Тоҷикистон аз рӯи намуди ҷанги дастӣ байни наврасон ва калоннсолон ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал ва диплому медал шуд.
Инчунин, санаҳои 7-8-уми декабри соли равон донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ - Рамазон Муминзода, Азизхӯҷа Орипов, Шамшод Орипов ва Билолиддин Зиёев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат карда, байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа варзигарони донишгоҳ ду медали тилло ва ду нуқра ба даст оварданд. Ба ғолибон медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ғолибони мусобиқаҳои болозикр роҳхати мусобиқаҳои байналмилалиро соҳиб шуданд.
Барои пирӯзӣ ва парафшонии Парчами миллӣ ба варзишгарон барору муваффақият орзу менамоем.

Videos (show all)

Орзуҳои Шумо дар донишгоҳи мо амалӣ мегарданд / Ваши мечты сбудутся в нашем Вузе
Марҳабо ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
12 - уми марти соли 2021 рӯзи «Дарҳои кушод» ва «Хатмкунандагони болаёқат» дар ДДҲБСТ
Марҳамат ба Донигоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Барномаи иттилоотии "Набзи донишгоҳ"
Гузориш аз ҷараёни баргузории Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ
Набзи донишгоҳ
Мусобиқаи футболи хурд дар ДДҲБСТ
Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишҷӯи ДДҲБСТ будан боиси ифтихор аст!

Location

Category

Telephone

Address


17-й микрорайон, дом 1
Khujand
735700
Other Education in Khujand (show all)
ЦРИ "Пифагорка" ЦРИ "Пифагорка"
просп. Исмаила Сомони 5а
Khujand, 735700

Центр развития интеллекта "Пифагорка"

Центр развития "Дурахшон" Центр развития "Дурахшон"
Хучанди 124-6
Khujand

ART Media & Photo School ART Media & Photo School
Khujand, 773708

Мы предлагаем эту школу тем, кто никогда раньше не снимал, либо пользовался мыльницами или зеркальными камерами в режиме "автомат"

Presidential School (Chkalovsk town) Presidential School (Chkalovsk town)
Khujand

Specialized Presidential school for smart students, the Best school of Central Asia was founded on 27the of June by the President of TJ Republic.

Itrun Kids_TJ Itrun Kids_TJ
г.Худжанд ул. И.Сомони 51\а (ориентир: стадион спартак аптека мадад) г.Душанбе, улица И.Сомони, 3 (торговый центр
Khujand, 735700

Помогаем детям от 7 до 17 лет реализовать самые смелые идеи через программирование и цифровое творчество

Компьютерный образовательный центр "Интелл Компьютерный образовательный центр "Интелл
20мкр. здание "Кохи Матбуот"
Khujand, 735700

سمت خدا - Самти Худо سمت خدا - Самти Худо
Khujand, 734000

Муҳаммад (с), паёмовари меҳр мефармуд: "Асли динам АҚЛ ва силоҳам ИЛМ аст"

Детский Салон "Шонача" Детский Салон "Шонача"
Khujand, KIDSSALON

Детский салон "ШОНАЧА"-Профессиональный подход к красоте ваших детей!

Лига Роботов Худжанд Лига Роботов Худжанд
И.Сомони 3
Khujand

Лига Роботов Худжанд - филиал международной сети секций по робототехнике и программированию.Обучение проводится для детей от 5 до 16 лет.

Doodle.tj - Веб Студия в Таджикистане Doodle.tj - Веб Студия в Таджикистане
Гульбахор
Khujand, 735700

DOODLE.TJ - Web design and marketing Agency, We help StartUps and innovative brands build and scale digital products.

Образовательный Центр "Сириус" Образовательный Центр "Сириус"
18мкрн, ориентир маг.Асал
Khujand

Образовательный центр