18/10/2020
Ҷаласаи шурои муҳокимавии Маркази таълимии Ҳадаф бо иштироки Директори Марказ Абдуллозода Баҳодур Абдулло ва колективи омузгорону кормандони Марказ.
Дар бинои Маркази Таълимии Ҳадаф ҷаласаи Шурои муҳокимавии Марказ бо иштироки директори Марказ ва колективи омузгорону кормандони Марказ баргузор гардид. Нахуст ҷаласаро директори Марказ Абдуллозода Баҳодур оғоз намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти якмоҳаи Марказ, раванди ташкили гуруҳҳо дар кластерҳо ва курсҳои забономузӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд. Инчунин оид ба натиҷаи имтиҳонҳои дарсӣ ки ҳар ҳафта баргузор мегарданд, маълумот дода шуда, муҳокимаи колективи омузгорон доир гардид. Устод Маҳмудов Давлатшоҳ омузгори фанни таърих, устод Сабуриëн омузгори фанни География, устодони фанҳои Химия, Математика, Билогия, Физика, Анатомия, Асосҳои давлат ва ҳуқуқ, Забон ва адабиёти тоҷик ва забони ангисӣ оид ба раванди дарсҳо дар гуруҳҳои кластерӣ маълумот дода, фикру пешниҳодҳои худро баëн намуданд.
Дар охир натиҷаи фаъолияти ҳар як омузгор дар гуруҳҳои кластерӣ ва курсҳои забономузӣ муҳокима гардида, барои дар фаъолияти минбаъда сифати таълимро дар марказ боз ҳам дар сатҳи баланд бардоштан, фикру пешниҳодҳои омузгорон шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Марказ ба хушнудӣ пазируфта шуд.
20/09/2020
Салом дустони азиз! Хушхабар барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миëнаи умумии шаҳри Душанбе.
Шумо мехоҳед, Дониши худро оид ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ озмоиш намоед?
Шумо мехоҳед ба раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ аз ҳозир шинос шавед?
Пас Маркази таълимии Ҳадаф ин имкониятро ба Шумо пешниҳод менамояд.
Аз санаи 15.09.2020 дар Маркази таълимии Ҳадаф силсила имтиҳонҳои озмоишии ройгон оғоз мегарданд.
Маркази таълимии Ҳадаф бо мақсади муаррифии имкониятҳои худ ва муарифии барномаҳои таълимии марказ ва ҷалби хонандагон ба таëрии имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, силсила имтиҳонҳои озмоишии ройгонро ба Шумо пешниҳод менамояд. Шумо дар ин имтиҳонҳои озмоишӣ ба равнди имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ ва тарзи супоридани имтиҳонҳо, нозукиҳои супоридани имтиҳон пурра шинос гардида, натиҷаи дониши худро аз ҳозир муайян хоҳед кард.
Барои ин ба Шумо зарур аст ба дафтари кории Маркази таълимии Ҳадаф муроҷиат намуда, худро дар кластере ки интихоб кардаед номнавис намоед, баъдан даъватномаи худро гирифта дар вақту соати муайянгардида, бо шиноснома ë шаҳодатномаи таваллуд ва либоси расмӣ ҳозир гардида, имтиҳони озмоишро супоред ва сатҳи воқеъии дониши худро
муайян намоед.
Шитобед зеро вақт маҳдуд мебошад.
Суроғаи мо: ш. Душанбе, н. Сино, кучаи Ҷ. Расулов 67. (маҳаллаи 33, ру ба руи мойкаи Нуршед, наздикии ГАИ)
Телфон барои маълумот: 992 907 422 322